Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Эй шоҳиди қудси ки кашад банди ниқобат

В-эй мурғи биҳишти ки диҳад донаву обат

Хобам бишуд аз дида дар ин фикри ҷигарсӯз

К-оғуши ки шуд манзили осоишу хобат



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Гуфтам эй султони хубон раҳм кун бар ин ғариб

Гуфт дар дунболи дил раҳ гум кунад мискин ғариб

Гуфтамаш магзар замоне гуфт маъзурам бидор

Хона парварди чи тоб орад ғами чандин ғариб



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Шоҳи шамшод қадон, Хусраву Ширин даҳанон

Ки ба мужгон шиканад қалби ҳама саф шиканон

Маст бигзашту назар бар мани дарвеш андохт

Гуфт эй чашму чароғи ҳама ширин суханон



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Соқи биё ки ёр зи рух парда баргирифт

Кори чароғи хилватиён боз дар гирифт

Он шамъи саргирифта дигар чеҳра барфурухт

В-ин пири солхурда ҷавони зи сар гирифт



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Хами зулфи ту доми куфру дин аст

Зи користони ӯ як шамма ин аст

Ҷамолат муъҷизи ҳусн аст лекин

Ҳадиси ғамзаат сеҳри мубин аст



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Эй рӯи моҳманзари ту навбаҳори ҳусн

Холу хатти ту маркази ҳусну мадори ҳусн

Дар чашми пурхумори ту пинҳон фусуни сеҳр

Дар зулфи беқарори ту пайдо қарори ҳусн



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Гулизоре зи гулистони ҷаҳон моро бас

З-ин чаман сояи он сарви равон моро бас

Ману ҳамсуҳбати аҳли риё дурам бод

Аз гаронони ҷаҳон ратли гарон моро бас



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Соқиё бархезу дардеҳ ҷомро

Хок бар сар кун ғами айёмро

Соғари май бар кафам неҳ то зи бар

Баркашам ин далқи азрақ фомро



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Ба ҳусну халқу вафо кас ба ёри мо нарасад

Туро дар ин сухан инкор кори мо нарасад

Агар чи ҳуснфурушон ба ҷилва омадаанд

Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 

Сирри иродати мову остони ҳазрати дуст

Ки ҳарчи бар сари мо меравад иродати ӯст

Назири дуст надидам агар чи аз маҳу меҳр

Ниҳодам оинаҳо дар муқобили рухи дуст



Идома

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:11)      1   2   3   4   5   6   7   ...  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic