Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Гирди Қуръон гард зеро ҳар ки дар Қуръон гурехт

Он ҷаҳон раст аз уқубат ин ҷаҳон ҷаст аз фитан

Чун ҳаме дони ки Қуръонро расан хондаст Худо

Пас ту дар чоҳи табиат чанд боши бо васан

Саноӣ



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Қуръон ки маҳини калом хонанд онро

Гаҳ гоҳ не бар давом хонанд онро

Бар гирди пиёла ояте ҳаст муқим

К-андар ҳама ҷо мудом хонанд онро



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Ҳаст Қуръон раҳнамои мусалмон,

Ҳаст Қуръон, муниси ҷону равон.

Эй бародар ояҳояшро бихон,

Нуктаҳои нағзи Қуръонро бидон.

Эй бародар, хона бе Қуръон чаро?

Эй бародар, дарди бедармон чаро

 



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Насими ҷонон

Насими куи ҷонон аст Қуръон,

Шамими атри Раҳмон аст Қуръон.

Бувад равшангари роҳи саодат,

Чу хуршеди фурузон аст Қуръон.

Ба гулзораш, хазон роҳе надорад,

Баҳорон дар баҳор аст Қуръон.

 



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Манам Қуръон китоби осмонӣ,

Ки ҳастам то қиёмат ҷовидонӣ.

Худоро дар ҳақиқат ман забонам,

Диҳам доди сухан он сон ки донӣ.

Башарро медиҳам баҳри саодат,

Ба олам хатту машйи зиндагонӣ



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Он китоби зинда Қуръони Ҳаким,

Ҳикмати ӯ лоязол асту қадим.

Нусхаи асрори таквини ҳаёт,

Бесубот аз қувваташ гирад субот.

 



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Ҳар сураи он танини ишқ асту баҳор,

Ҳар ҷо қасами замину лайл асту наҳор.

Роҳест фаросуи башар то ба Худо,

Қуръон ки оромиши рӯҳ асту қарор.

Ҳар қатра к-аз осмон чакида борон шуда аст,

Ҳар руд ба номи ӯ хурушон шуда аст



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Бо ту гар хоҳи сухан гуяд Худо Қуръон бихон.

То шавад руҳи ту бо ҳақ ошно Қуръон бихон .

Эй башар ёди Худо оромиши дил медиҳад,

Дардмандонро бувад Қуръон даво, Қуръон бихон .

Домҳои густардаи Шайтон дар масери умри ту,

То ки иман боши аз ин домҳо Қуръон бихон



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 

Як умр асири дасти Шайтон будем,

Дар авҷи ҷунун ишқи вайрон будем.

Монанди кабутарони ошиқ, мо ҳам,

Бозичаи бусаҳои туфон будем.

Он рӯз ки Иблис ба дунё омад,

Дар ҳасрати хандидани инсон будем

 



Идома

Мавзӯъ: Қуръон، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic