Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ҷон модарам, ҷон модарам

Ман бар ту имон оварам

Эй кош, бошӣ ҳар куҷо

Умре саломат бар сарам



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Модар биҳишти ман ҳама оғуши гарми туст

Гӯӣ сарам ҳанӯз ба болини нарми туст

Модар ҳаёт бо ту биҳишт асту хуррам аст

Вар бе ту буд ҳар ду ҷаҳонаш ҷаҳаннам аст



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Беҳтарин шакли ғазалҳоям барои модар аст

Дафтари шеърам музайян аз сафои модар аст

Дар дуои ҳар намози худ дуоям мекунад

Ҳарчи дорам дар ду олам аз дуои модар аст



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Эй кош ки то абад намирад модар

Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар

Меҳр аст саросар вуҷудаш то ҳаст

Эй кош ки поён напазирад модар



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Ду мавҷуди ҳастӣ гиромитар аст

Яке меҳану дигараш модар аст

Ситоиш кунам зан ки ӯ модар аст

Ки модар сазовори зебу зар аст



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Обрӯи аҳли дил аз хоки поки модар аст

Ҳар чи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст

Он биҳиштеро ки Қуръон мекунад тавсифи он

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Эй модари азиз ки ҷонам фидои ту

Қурбони меҳрубониву лутфу сафои ту

Ҳаргиз нашуд муҳаббати ёрону дустон

Ҳам пояи муҳаббату меҳру вафои ту



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Ҷавоне сар аз раъйи модар битофт

Дили дардмандаш ба озар битофт

Чу бечора шуд пешаш овард маҳд

Ки эй суст меҳр фаромӯш аҳд



Идома

Мавзӯъ: Пандҳои ҳакимона،  Саъди Шерозӣ،  Модарона، 

Дод маъшуқ ба ошиқ пайғом

Ки кунад модари ту бо ман ҷанг

Ҳар куҷо бинадам аз дур кунад

Чеҳраи пурчину ҷабин пур ожанг

Бо нигоҳи ғазаб олуд занад

Бар дили нозуки ман тири худанг

Модари санг дилат то зиндаст

Шаҳд дар коми ману туст шаранг



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 

Ки гуфтааст дилам боз дар ҳавои ту нест

Магар тамоми вуҷудам фақат барои ту нест

Чаро ҳамеша садо мезани маро? Модар

Магар тапидани қалбам ҳамон садои ту нест

Таронаҳо ҳама зебост модарам аммо

Таронае ба қашанги лой лойи ту нест

Саодати ман фарзанд аз каромати туст

Магар саодати фарзанд аз дуои ту нест



Идома

Мавзӯъ: Модарона، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:2)      1   2  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات