Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Кист он кас-рӯз то бегаҳ давид

Ошу нон баҳри шумо байёр кард

То шумо дар мактаб омӯзед илм

Ҷумла кори хонаву бозор кард



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 

Падар ҳам дӯст медорад чу модар нек фарзандаш

Давоми умр вай бошад, зибаски ин ҷигарбандаш

Намехоҳад ба дунёе диҳад аз хандаи ӯро

Намояд ҷони худро садқаи як ҳарфи дилбандаш



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 

Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст

Бо ниҳояти таассуф ва даргузашти падари азизу меҳрубонам аз ҳамаи шумо дустон, ошноён ва мухлисон хоҳиш мекунам, ки барои падарам як Алҳамд ва як сураи дигар аз Қуръон бихонед. Худованд гузаштагони шуморо низ биёмурзад. Руҳаш шод ва ёдаш гиромӣ



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 

Боварам нест падар рафтиву хомӯш шудӣ

Тарки мо кардиву бо хок ҳамоғуш шудӣ

Хонаро нуре агар буд зи рухсори ту буд

Эй чароғи дили мо аз чи ту хомӯш шудӣ



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 

Намак бар захми ман ширинтар аз хоби саҳар гардад

Ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад

Падар аз шавқи дил дар кудаки дасти писар гирад

Ба умеде ки дар пири писар дасти падар гирад



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 

Эй фидои рӯи ҳамчун моҳи ту

Гаштаам ман волаву шайдои ту

Такягоҳи ман туӣ ҳон эй падар

Эй падар кай мешавам ҳамтои ту



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 

Эй падар эй бо дили ман ҳамнишин

Эй самими эй бар ангуштар нигин

Эй падар эй ҳамдами танҳоиям

Ошнои бо ғами танҳоиям



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 

Маро оромиши дил аз падар бувад

Маро аз номи ӯ номе ба сар бувад

Маро дар кураи роҳи зиндагонӣ

Чароғу раҳнамо дар ҳар гузар бувад



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 


Падар бишнав ин ҳарфи фарзанди хеш

Азизу гиромиву дилбанди хеш

Туи мояе буду пайдоишам

Канорат ба нозу ба осоишам

Падар такягоҳи вуҷуди мани

Ту сармояи ҳасту буди мани





Мавзӯъ: Падарона، 

Эй падар эй бо дили ман ҳамнишин

Эй самими эй бар ангуштар нигин

Эй падар эй ҳамдами танҳоиям

Ошнои бо ғами танҳоиям

 

Дар садоқат бартар аз оинаи

Дар рафоқат бодаи бекинаи

Эй сафедори баланду бепойдор

Мебарам номи туро бо ифтихор

 



Идома

Мавзӯъ: Падарона، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:2)      1   2  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات