Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Чи кам гардад Худоё аз худоит

Чи нуқсон ояд андар подшоит

Ки гар бечорае коме биёбад

Дилафгоре дилороме биёбад



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ، 

Дило то чанд аз ин сурат парастӣ

Қадам бар фарқи ҳасти зан ки растӣ

Ғами ҳар будаву нобуда то чанд

Ҳикоят гуфтани беҳуда то чанд



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ، 

Чунин зебо нигори дилситоне

Ба раъноеву хуби достоне

Чунон бар ошиқи худ меҳрубон буд

Ки гӯӣ ошиқи ҷону ҷаҳон буд



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ، 

Саҳаргоҳе ки боди субҳгоҳе

Бибурд аз чеҳраи гардуни сиёҳе

Шафақ шангирф бар мино пароканд

Фалак дурдона бар дарё пароканд



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ، 

Туро он беҳ ки роҳи хеш гири

Шикебоӣ дар ин раҳ пеш гири

Рави чун оқилон дар хона з-ин пас

Нагарди ин чунин девонаи кас



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ، 

Нахустин рӯз к-ин чашми балокаш

Маро аз ишқи ӯ дар ҷон зад оташ

Дил аз ҷону ҷавони бар гирифтам

Умед аз зиндагони бар гирифтам



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ، 

Худоё то аз ин фирӯза айвон

Фурузад моҳу меҳру тиру кайвон

Шаҳи ховар ҷаҳон орой бошад

Замоне боқи замин бар ҷой бошад



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ، 

Хуррам касе ки бо ту кунад ошноӣ

В-аз нури Мустафо расадаш равшаноӣ

Эй хоҷае ки хусрави гардун ғуломи туст

Бар манзари дано фатадалло мақоми туст



Идома

Мавзӯъ: Убайди Зоконӣ،  Пайғамбар(с، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic