Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Магардон ғариб аз дарат бенасиб

Мабодо ки гарди ба дарҳо ғариб



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 
Вожаҳо: Саъди، Саъдӣ، Саъди Шерози، Саъдӣ Шерозӣ،  

Ҳазор ҷаҳд бикардам ки сирри ишқ бипушам

Набуд бар сари оташ муяссарам ки наҷушам

Ба ҳуш будам аз аввал ки дил ба кас насупорам

Шамоили ту бидидам на сабр монду на ҳушам



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Адлу инсофу рости бояд

В-ар хазина туҳи бувад шояд

Накунад ҳаргиз аҳли донишу дод

Дили мардум харобу ганҷ обод



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Ту ҳарчи бипуши ба ту зебо гардад

Гар хоб бувад атласу дебо гардад

Мандеш ки ҳар ки як назар рӯи ту дид

Дигар ҳама умр аз ту шикебо гардад



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Дилҳои хастаро ба карам марҳаме фирист

Эй номи аъзамат дар ганҷинаи шифо

Гар халқ такя бар амали хеш кардаанд

Моро басаст раҳмату фазли ту муттако



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Шукру сипосу миннату иззат Худойро

Парвардигори халқу Худованди кибриё

Додори ғайб дону нигаҳ дор осмон

Раззоқи бандапарвару халлоқи раҳнамо



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Эй ки инкор куни олами дарвешонро

Ту надони ки чи савдову сараст ишонро

Ганҷи озодагиву кунҷи қаноат малакест

Ки ба шамшер муяссар нашавад султонро



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Эй бар ту қабои ҳусни чолок

Сад пираҳан аз муҳаббатат чок

Пешат ба тавозуъаст гуи

Уфтодани офтоб бар хок



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Тоқат бирасиду ҳам бигуфтам

Ишқат ки зи халқ менаҳуфтам

Тоқам зи фироқу сабру ором

З-он рӯз ки бо ғами ту ҷуфтам



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 

Гулро мабаред пеши ман ном

Бо ҳусни вуҷуди он гуландом

Ангушт намои халқ будем

Монанди ҳилол аз он маҳи том



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:11)      1   2   3   4   5   6   7   ...  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات