Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 









Даври гардун он қадар хуштоҷро бетоҷ кард

Он қадар шаҳро ба каҷкули гадо муҳтоҷ кард



Идома

Мавзӯъ: Гулрухсор Сафиева، 
Вожаҳо: Тоҷик، Гулрухсор، Даври гардун، Тоҷики ман،  

Гуфтори кӯтоҳе сари достони мансури Гулрухсор

Достони Гулрухсор- “Занони Сабзабаҳор” бори аввал таҳти унвони “Марзи номус” дар шумораҳои як ва дуюми соли 1988- и маҷаллаи “Садои Шарқ” ба нашр расида буд.

Муаллифи асар як дафъаи дигар таъкид карданӣ аст, ки зиндагии инсон аз задухӯрду муборизаҳо иборат аст. Он новобаста ба давру замон сурат гирифта, ҳатман мутеи вазъияти таърихиву шароити типӣ буда, ҳамеша ба мақсади пешравии зиндагӣ ва зинда мондану узви ҷомеа будан сурат мегирифтанд ва вақте ки чунин муборизаҳо аз назари шоиру нависанда ба тадқиқ меоянд, чун ҳақиқати зиндагӣ ҷамъбасти бадеӣ мегарданд.



Идома

Мавзӯъ: Гулрухсор Сафиева، 

Гулрухсор шоираи лирик аст ва дар ин ҷода ӯ аз тарзи гуфтори монолог истифода менамояд ва чунин ба назар мерасад ки гуфтугӯи шахси шоира бо дилаш аст. Эҳсоси Гулрухсор то ки шеър шавад, аз ҷараёни ақли ӯ мегузарад. Аз ин ҷост, ки дар шеъри Гулрухсор шубҳае ба миён намеояд, ҳама мулоҳизаҳо заминаи воқеӣ ва таҳқиқӣ доранд. Шоира бар ин ақида аст, ки шеър ҳама паҳлӯҳои рӯзгори инсониро бояд дар бар кунад, зеро шеър аз унсурҳову нишониҳои рӯзгори одамӣ ғизо мебардорад – дарду шодӣ, ҳаёту марг, базму мотам, диловариву хиёнат ва ғайра...



Идома

Мавзӯъ: Гулрухсор Сафиева، 

Гулрухсор шоираест, ки дар поёни солҳои шастум ба таври ҷиддӣ дохили адабиёти бадеии тоҷик гардидааст. Ин шоира, бешубҳа бештар аз мактаби адабии устод М. Турсунзода дарси шеър хондааст ва дар ҷодаи шеъру шоирӣ ин мактабро инкишоф бахшидааст. Маълум аст, ки солҳои шаст давраи баландравии адабиёти шӯравии тоҷик ҳам буд. Он солҳо ҳар шоиреро, ки М. Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода раҳнамоиву сарпарастӣ карда бошанд,ӯ ба манзили умеду мурод расидааст.



Идома

Мавзӯъ: Гулрухсор Сафиева، 

Гулрухсор Сафиева

17.12.1947

Руҷӯъе аз рӯзгор...

Гулрухсор дар деҳаи Яхчи ноҳияи Дарбанд (собиқ Комсомолобод) дар дар оилаи агроном ба ҷаҳон дида кушодааст. Таҳсили мутавасситаро аз мактабҳои ҳамин ноҳия бардоштааст. Тақдир ба рӯи ӯ нахандиду аз модар хеле барвақт маҳрум гарида, дар тарбияи модарандар монд. Номи Гулрухсор аз худаш аст ва ҳар бинанда дарҳол бовар мекунад, ки ҳарду рухсораш гулро мемонад. Гулрухсор табиатан шӯх аст ва бонуест, ки суханашро рӯирост изҳор медорад ва дар бисёрии маворид аз хислатҳои мардона бархӯрдор аст.



Идома

Мавзӯъ: Гулрухсор Сафиева، 

Гулрухсор Сафиева - (17 декабр, соли 1947) шоира, нависанда, рӯзноманигор, драматург, тарҷумон, Узв ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1999). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003)

Зиндагинома

Гулрухсор Сафиева дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун хамчун рӯзноманигор ва сардабир фаъолият намудааст. 



Идома

Мавзӯъ: Гулрухсор Сафиева، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات