Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 









Тоҷикистон-мазҳари ман

Сарзамини камзамин



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 
Вожаҳо: Хоки ватан، Лоиқ، мушти хок، фарзандони ту،  

Маҷмӯаи дигари Лоиқ “Варақи санг” унвон дошта, як навъ вазифаи мунтахаби ашъорро мемонад, аммо шеърҳои бидуни овардани таърихи навишт ҷо ба ҷо шудаанд. Дар бахши аввали китоб намунаҳое ҷо гирифттаанд, ки ба мавзӯи ватан, меҳру садоқат ба халқ ва бузургони он баҳс менамоянд. Бахши дигари маҷмӯа аз силсилаҳои “Нуристони Норак”, “Модарнома”, “Илҳом аз “Шоҳнома”” ва “Ҷоми Хайём” иборат аст.



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

Лоиқ деҳоти кӯҳистонро хеле бо самимият ба қалм медиҳад. Дар маҷмӯаи “Нӯшобод” шеъри “Деҳи кӯчида” ҷолиб воқеӣ ва табиӣ мушоҳида мекунад. Дилаш ба ин деҳ месӯзад, аммо ҳодисаи кӯчбандиро, ки ба сиёсати давлати вақт иртибот дошт, дастгирӣ менамояд, чунки ин мардум деҳи дорои манзилҳои нав сохтаанд. Фақат ҳамин ҷиҳат боиси тасаллои дили онон шуда метавонад.



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

Дигар соҳаи эҷодиёти Лоиқро мавзӯи модар ташкил додааст, ки ин масъала низ дар қалами шоир тимсоли некӣ ва некӯкорӣ ва меҳру шафқати инсониро дарбар кардааст. Модар дар шеъри Лоиқ маънии модарро медиҳад, вале ҷиҳати ҷовидона будани модар бештар мавқеъ пайдо мекунад:

Ту фақат ҷовид хоҳӣ монд, модар

Ту фақат ҷовид хоҳи монд дар дунёи зебо.



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

Лоиқ Шералӣ

( 20.05.1941-30.06.2000)

Лоиқ Шералӣ дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти бостонӣ ба дунё омадааст. Ӯ ҳанӯз даҳ сол надошт, ки аз падар зинда ятим монд. Яъне падараш бо панҷ фарзанд модари Лоиқро гузошта, ба зани ҷавоне издивоҷ баст... Баъд аз хатми мактаби ибтидоии деҳа роҳи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро пеш гирифта, сипас озими Душанбешаҳр мегардад ва ҳуҷҷатҳояшро ба факултети таъриху филологияи Институти педагогии пойтахт месупорад ва то ҷое ба назария шеъру адаб ошно мешавад. Ӯ низ монанди ҳамсолони ҳамқалаи худ фаъолияти эҷодиашро аз идораҳои матбуот сар кардааст. Чанд муддат корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ”, мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, сардабири “Садои Шарқ” буд. Аз оғози солҳои навадум, вақте ки забони форсии тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ шинохта шуд, ӯ раёсати “Бунёди забони форсии тоҷикӣ”ро ба ӯҳда дорад...



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

Тоҷикистон- мазҳари ман
Cарзамини камзамин
Ту саросар ку
ҳсорӣ
Ту саросар сангзор
ӣ



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

Араб гӯянд Синоро гурӯҳе,
Гурӯҳе форс ё тоҷик донанд.
Гурӯҳе ӯзбакаш гӯянду лекин
Агар сад бор осораш бихонанд
Нафаҳманду паи тафсири ҳар ҳарф
Ҳама муҳтоҷи некӯ тарҷумонанд.



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

ВАТАН

Хуршед кай ба ними раҳ истод ногаҳон
Чун дид дар саросари хокат мусибат аст?
Дигар нашуд харитаи рухсори моҳтоб,
Чун хатти сарҳади туро ноодаме шикаст.

Дар зери пои неку бад шуд кӯфта замин,
Бефарқ хуну обро ҳамвора даркашид.
Ҳаргиз нагуфт бар баде “По шав зи рӯи ман!”
Яксон ба дӯши хештан сангу гуҳар кашид.

Бо чашми дил нигаҳ фиканд аз рӯи мардумӣ
Танҳо ба фарқи обу хун фарзанди одамӣ
Дод обу об хурд, ҳам хун доду хун гирифт,
То нагсилад зи наслҳо пайванди одамӣ.



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.
Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 

Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо
Ало, Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.



Идома

Мавзӯъ: Лоиқ Шералӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:2)      1   2  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic