Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

“Забони модарӣ” аз ҷумлаи нахустин шеърҳои Бозор Собир аст, ки дар поёни солҳои шастум ба майдон омада ва дар фазои пурбӯҳрони маънавии ҷомеаи Тоҷикистон ғулғула андохт. Шоир бори аввал бо садои бурро ва итминони қавӣ эълом дошт, ки халқи тоҷик “Ҳарчӣ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати воло ва девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод”. “Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд, бар кафанталабу ватанталабанда бахшид ва дод; Душмани дарвеши худро шоҳу доро карду худ дарвеш шуд”... Ягона чизе, ки ин мардум барои худ чун исми аъзам нигоҳ дошт, “Лафзи модарӣ” –аш буд, ки “Ҳамчун номи модараш дар забону дар даҳон монд”:



Идома

Мавзӯъ: Бозор Собир، 

Бозор Собир дар пораи зер, ки аз шеъри “Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст” нақл мешавад, хеле самимона кӯдакии талх ва аз падар ятиммондаи худро ишора кардааст:

Баччаҳоям барои ханда маро

Гоҳ-гоҳе ба ноз мепурсанд

Ки гаҳи кӯдакии хеш мангар

Мегиристам барои ширу шаккар?



Идома

Мавзӯъ: Бозор Собир، 

Бозор Собир

Таваллуд. 20.09.1938

1.Ишорае аз рӯзгор...

Бозор Собир дар рустои Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Мутаассифона, барвақт ятим монд, зеро падар дар ҷанги ҷаҳонии дуввум шаҳид шуда буд. Баъдҳо Бозор гуфтааст:

Дар сари кӯчаҳои Файзобод

Чашм ба роҳи кӯҳна шому саҳар

Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст

Дар кафи ӯ хатти сиёҳи падар



Идома

Мавзӯъ: Бозор Собир، 

Тоҷикистон, Тоҷикистон

Ҳар куҷое рафтам аз оғуши ту

Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам

Пои худро раҳ ба раҳ то сарҳадат

Бар замин афшонда рафтам

Аз паям то кам нагардад зарраи хоки камат

Ҳар куҷое об дидам

Қатрае хурдам агар

Ман гирифтам қатрае дар чашм

То кунам Вахшу Зарафшони туро як зарра бисёр



Идома

Мавзӯъ: Бозор Собир، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات