Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ду асари дигари сегона – “Вопасин амир” ва “Тахти вожгун” дар масъалаи нишон додани ҷангҳои дохилӣ, ки аз ҷониби муҷоҳидин ба хотири нигоҳ доштани решаҳои бобоӣ ва нигаҳдории дини мубини Ислом сурат гирифтаанд, ҷолиб мебошанд.

Бисёре аз лаҳзаҳои румонҳои мазкур воқеият доштанд, аммо он ҷо ки Икромӣ аксулинқилобиёнро мазаммат кардааст, дар даврони нав таҷдиди назар мешаванд ва аз нигоҳи дигар арзёбӣ хоҳанд шуд.

Солҳои 1968-1976 ба пешвози ҷашни 90 – солагии Айнӣ қиссаи Икромӣ “Устоди ман, мактаби ман, худи ман” ба миён омад (1970). Ин асар пур аз ҳиссиёти самимӣ ва сипосгузориву миннатдории як шогирди собиқ ба устоди бузургвори худ мебошад. Тақдири Икромӣ аз солҳои кӯдакӣ, аз он вақтҳое, ки дар мактаби усули ҷадид аз китоби дарсии “Таҳзиб – ус - сибён” дарс мехонд, бо шахсияти Айнӣ, бо фаъолияти маорифправарӣ ва адабии ин марди бузург сахт вобастагӣ пайдо карда буд. Икромӣ худро аз 7-8 солагӣ шогирди Айнӣ медонад.



Идома

Мавзӯъ: Ҷалол Икромӣ، 

Бунёди тадқиқи бадеии Икромӣ дар румони “Ман гунаҳгорам” бар тасвири психологӣ мебошад. Чи дар тасвири қаҳрамони асосӣ Анвар, чӣ дар нигориши Зайнаб ва Мухтор кӯшиши нависанда дар роҳи аз назар гузаронидани фикру ҳиссиёти инсон хеле собитқадамона сурат гирифтааст...

Дар солҳои шаст Икромӣ бештар ба очерки сафарнома мутаваҷҷеҳ мешавад. Ин айём буд, ки нависада бисёр сафар мекард ва таассуроти баъзе сафарҳои ӯ бунёди чанд очеркашро ташкил доданд. Масалан, очеркҳои “Сафар кардан ҷаҳон дидан” (1959), “Аз Сталинобод то ба Киев” (1959), “Аҷоиботи сафар” (19611962), ки бо Арнолд Одинсов навишта шудааст ва ғайра аз ҷумлаи асарҳои сафарии Икромӣ ба шумор мераванд. Вале муҳимтарин натиҷаҳои очерки сафарнависӣ дар “Аҷоиботи сафар”и ӯ ҷамъбаст гардидааст.



Идома

Мавзӯъ: Ҷалол Икромӣ، 

Қиссаи “Тирмор” (19311934) марҳилаи аввали роҳи адабии нависандаро ҷамъбаст кардааст. Услуби асарофаринии Икромӣ ба воситаи насри хурд оғоз гирифтааст. “Тирмор” паҳлуву қабатҳои комилан наву ҳанӯз шахнашудаи воқеиятро вобаста ба ташаккули синфи коргари тоҷик ошкор сохтааст. Воқеаву рӯйдодҳои хатти сужаи қиссаи "Тирмор" дар нахустин чопхонаи Бухоро ба вуқӯъ пайвастаанд. Мувофиқи мақсаду нияти аслии муаллиф дар асари мазкур шахси марказӣ духтари бой чун рамзи тирмори бадтинату айёр ба амалиёт мепардозад.



Идома

Мавзӯъ: Ҷалол Икромӣ، 

Оғози фаъолият ва баъд

Ҷалол Икромӣ аз зумраи он адибони даврони Шӯравии тоҷик аст, ки дар солҳои гардиши қатъии таърихӣ ба соҳаи адабиёти бадеӣ қадам гузоштааст ва худ шоҳиди рӯйдодҳои таърихӣ буд. Дар адабиёти даврони Шӯравӣ агар Садриддин Айнӣ чун падари насри реалисти тоҷик эътироф гардида бошад, Икромиро яке аз фарзандони он бояд шинохт, зеро ӯ аз ин мубориза, дарси санъаткориву нависандагиро омӯхтааст.



Идома

Мавзӯъ: Ҷалол Икромӣ، 

Ҷалол Икромӣ

20.09.1909 11.04.1993

Ба ҷои муқаддима.

Ҷалол Икромӣ зодаи шаҳри бостонии Бухорост. Падари ӯ қози буд. Соли 1928 Дорулмуаллимини шаҳри Бухороро хатм намуда ба касби муаллимӣ пардохтааст. Соли 1930 озими Сталинобод пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Чанд муддат корманди кумитаи тоҷикшиносӣ (баъдҳо ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ табдил меёбад) буда аст. Сипас, котиби маъули маҷаллае ба бахши адабии театри Лоҳутиро ба уҳда дошта аст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҷалол Икромӣ то поёни умр муқими Душанбешаҳр буда, соли 1993 аз ҷаҳон чашм пӯшид. Шодравон дар қабристони Лучоб мадфун мебошад.



Идома

Мавзӯъ: Ҷалол Икромӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات