Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Агар як рӯзе ҳеч мушкиле сари роҳам набуд, мефаҳмам, ки роҳро хато рафтаам



Идома

Мавзӯъ: Пандҳои ҳакимона، 

Назар кардам ба чашми раъю тадбир

Надидам беҳ зи хомуши хисоле

Нагуям лаб бубанду дида бар дуз

Валекин ҳар мақомеро мақоле



Идома

Мавзӯъ: Пандҳои ҳакимона، 

Аз ноз чи механди бар дида ки мегиряд

Ин дида замоне низ хандида ки мегиряд

Чун дида туро сар маст аз бодаи ағёри

Дар хуни худ аз ғайрат ғалтида ки мегиряд



Идома

Мавзӯъ: Пандҳои ҳакимона، 

Ба номи Худо

Эй насими саҳароромгаҳи ёр куҷост

Манзили он маҳи ошиқ куши айёр куҷост

Ҳофиз

 

Гурба шер аст дар гирифтани муш

Лек муш аст дар масофи паланг

Саъдӣ



Идома

Мавзӯъ: Пандҳои ҳакимона،  Наср،  Шеърҳои гуногун، 

Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз кардан

Ҳама сола ҳаҷ намудан, сафари Ҳиҷоз рафтан

Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан

Зи вуҷуди бениёзаш, талаби ниёз кардан



Идома

Мавзӯъ: Пандҳои ҳакимона، 

Зи дастам бар намехезад ки як дам бе ту биншинам

Ба ҷуз руят намехоҳам ки рӯи ҳеҷ кас бинам

 

Ман аввали рӯз донистам ки бо Ширин дарафтодам

Ки чун Фарҳод бояд шуст даст аз ҷони ширинам



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ،  Пандҳои ҳакимона،  Шеърҳои гуногун،  Ошиқона، 

Дунё: Ҷое ки ҳеҷ офаридае дар он осоиш надорад

Оқил: Онки ба дунё ва аҳли он вобаста нест

Карим: Онки дар молу мақом тамаъ намекунад

Одами:Онки хайри мардумро бихоҳад

Мард: Онки бо забон сухан мегуяд



Идома

Мавзӯъ: Наср،  Пандҳои ҳакимона، 

Дӯстони ноаҳл

Ҳар кас ба тариқе дили мо мешиканад

Бегона ҷудо, дӯст ҷудо мешикананд

Бишкаст дилам касе садояш нашнид

Ман дар аҷабам дӯст чаро мешиканад?



Идома

Мавзӯъ: Ашъори муносибати،  Шеърҳои гуногун،  Ошиқона،  Пандҳои ҳакимона، 

Сароғоз бо номи Худо

Ба номи онки ҳастӣ, ном аз ӯ ёфт

Фалак ҷунбиш, замин ором аз ӯ ёфт

Низомӣ

 

Ба номи онки номаш ҳирзи ҷонҳост

Санояш ҷавҳари теғи забонҳост

Ҷомӣ



Идома

Мавзӯъ: Пандҳои ҳакимона،  Ашъори муносибати،  Шеърҳои гуногун،  Ошиқона، 

Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад

Гумон мабар ки маро дарди ин ҷаҳон бошад

Барои ман магирйиву магу дареғ дареғ

Ба дуғи дев дарафти дареғ он бошад



Идома

Мавзӯъ: Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ،  Нуктаҳои адабӣ،  Пандҳои ҳакимона، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:3)      1   2   3  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات