Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

То ҳастам эй рафиқ надони ки кистам

Рӯзе суроғи вақти ман оӣ ки нестам

Дар остони марг ки зиндони зиндагист

Туҳмат ба хештан натавон зад ки зистам



Идома

Мавзӯъ: Шаҳриёр، 

Кори гул зор шавад гар ту ба гулзор оӣ

Нархи Юсуф шиканад чун ту ба бозор оӣ

Моҳ дар абр равад чун ту бароӣ лаби бом

Гул кам аз хор шавад чун ту ба гулзор оӣ



Идома

Мавзӯъ: Шаҳриёр، 

Дар диёре ки дар ӯ нест касе ёри касе

Кош ё Раб ки наюфтад ба касе кори касе

Ҳар кас озори ман зор писандид вале

Написандид дили зори ман озори касе

Охираш меҳнати ҷонкоҳ ба чоҳ андозад

Ҳар ки чун моҳ барафрухт шаби тори касе

Судаш ин бас ки ба ҳечаш бифурушанд чу ман

Ҳар ки бо қимати ҷон буд харидори касе





Мавзӯъ: Шаҳриёр، 

Аз зиндагониам гила дорад ҷавониам

Шармандаи ҷавони аз ин зиндагониам

Дорам ҳавои суҳбати ёрони рафтаро

Ёри кун эй аҷал ки ба ёрон расониам

Парвои панҷ рӯзи ҷаҳон кай кунам ба ишқ

Дода навиди зиндагии ҷовидониам





Мавзӯъ: Шаҳриёр، 

Қимори ошиқон бурди надорад аз надорон пурс

Кас аз даври фалак дасте набурд аз бадбиёрон пурс

Ҷавониҳо раҷазхониву пириҳо пушаймони аст

Шаби бадмастиву субҳи хумор аз майгусорон пурс

Ту каз чашму дили мардум гурезони чи медони

Ҳадиси ашку оҳи ман бирав аз боду борон пурс

Ҷаҳон вайрон кунад гар худ бинои тахти Ҷамшедаст

Бирав торихи ин дейри куҳан аз ядгорон пурс



Идома

Мавзӯъ: Шаҳриёр، 

Бар лаби ларзони ман, фарёди дил, хомуш буд

Охир он танҳо умеди ҷони ман танҳо набуд

Ҷуз ману ӯ, дигаре ҳам буд, аммо эй дареғ

Огаҳ аз дарди дилам, зон ишқи ҷон фарсо набуд





Мавзӯъ: Шаҳриёр، 

Роҳе ба Худо дорад хилватгаҳи танҳои

Онҷо ки рӯй аз худ онҷо ки ба худ оӣ

Ҳар ҷо ки саре бурдам дар парда туро дидам

Ту парданшиниву ман ҳарзаи ҳар ҷое

Бедор ту то будам руъёи ту медидам

Бедор кун аз хобам эй шоҳиди руъёи

Аз чашми ту мехезад ҳангомаи сар масти

Ваз лулфи ту мезояд ангезаи шайдои



Идома

Мавзӯъ: Шаҳриёр، 

Шаб ҳама бе ту кори ман шиква ба моҳ кардан аст

Рӯз ситора то саҳар тира ба оҳ кардан аст

Матни хабар ки як қалам бе ту сиёҳ шуд ҷаҳон

Ҳошия рафтанам дигар нома сиёҳ кардан аст

Нав гули нозанини ман то ту нигоҳ мекуни

Лутфи баҳори орифон дар ту нигоҳ кардан аст





Мавзӯъ: Шаҳриёр، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic