Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли ҳунар намонд,

Имрӯз обрӯй ба лаълу гуҳар намонд.

Аз ҳеҷ хонае набаромад садои ҷуд,

Дар рӯзгори мо зи каримон асар намонд.

Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,

Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.





Мавзӯъ: Сайидои Насафӣ، 

Зиндагиномаи Сайидо Насафӣ

Мир обид Сайидои Насафи аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелоди аст, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адаби ва афкори баланди инсонии худ, дар таърихи адабиёти давраи мазкур мақом ва манзилати шоистае дошта аст. Сайидо дар Насаф ё Қаршии кунуни аз тавобеъи Бухоро зода шуд ва дар шаҳри Бухоро парвариш ёфт. Донишманд Абдулғани Мирзоев бо муроҷиа ба манобеи гуногун бар ин назар аст, ки Сайидо дар авохири нимаи нахсути садаи ҳабдаҳуми мелоди чашм ба ҷаҳон гушуда аст. Малеҳои Самарқанди тазкиранависи муосири Сайидо ӯро дар соли 1678 дида аст ва аз навиштаҳои вай метавон тахмин зад, ки Сайидо дар он ҳангом, сиву ҳафт ё сиву ҳашт сола буда аст, бино бар ин метавон тахмин зад ки эътимолан шоир байни солҳои 1636 – 1638 мутаваллид шуда аст.



Идома

Мавзӯъ: Сайидои Насафӣ، 

Зи руят хонаам лабрез буд аз моҳтоб имшаб

Ба гирди кулбаам чун ҳола мегашт офтоб имшаб

Арақ аз рӯи шармолуди ӯ мерехт чун шабнам

Дамоғи базм равшан буд аз бӯи гулоб имшаб

Ба даст хотири худ доштам домони дили ҷамъе

Парешон буд аз зулф ҳавосам печу тоб имшаб



Идома

Мавзӯъ: Сайидои Насафӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات