Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 



Раҳравони кӯи ҷонон сархушанд

Ошиқон дар васлу ҳиҷрон сархушанд



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 
Вожаҳо: Ишқ، ошиқона، роҳ، дилдода، Худо،  

Ҳама ҳаст орзуям, ки бубинам аз ту руе

Чи зиён туро ки ман ҳам бирасам ба орзуе

Ба касе ҷамоли худро нанамудаиву бинам

Ҳама ҷо ба ҳар забоне бувад аз ту гуфту гуе



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 

Пеши рухи ту эй санам Каъба суҷуд мекунад

Дар талаби ту осмон ҷома кабуд мекунад

Ҳусни малоику башар ҷилва надошт ин қадар

Акси ту мезанад дар ӯ, ҳусн намуд мекунад



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 
Моҳам агар ба қаҳр шуд аз лутф боз гашт
Шукри Худо ки оҳи саҳар чорасоз гашт
Дар мулки ишқи хоҷагиву бандаги кадом
Маҳмуд бин чигуна ғуломи Аёз гашт



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 

Гуфтамаш андар ғамат чанд кунам умр тай

Гуфт ки рав сабр кун, сабр кунам то ба кай

Белаъли лабаш кунам, гиря чу мино мудом

Дар ғами руяш кунам нола чу най пай зи пай



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 

Эй ишқ, эй тараннуми номат таронаҳо

Маъшуқи ошнои ҳама ошиқонаҳо

Эй маъни ҷамол ба ҳар сурате ки ҳаст

Мазмуну муҳтавои тамоми таронаҳо



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 

Хез эй соқиву пур кун зи карам шишаи мо

Пеш аз оне ки кунад сели аҷал решаи мо

Ба ҳар як ҷуръаи май миннати соқи накашем

Ашки ом бодаи мо, дидами мо шишаи мо



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 

Гуфтам санамо пешаи ту? Гуфт ҷафо

Гуфтам чи надори ба ҷаҳон? Гуфт вафо

Гуфто ки баҳои бусаамро чи диҳӣ

Гуфтам дилу дин, гуфт ки ҷисмийу кафо



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 

Нагир аз ин дили девона, абру боронро

Ҳавои танги ғурубу шаби хиёбонро

Агарчи панҷараҳоро гирифтаи аз ман

Нагир хилвати гунҷишкҳои айвонро



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 

Дишаб ба ёди рӯи ту танҳо гиристам

Танҳои беумед чи шабҳо гиристам

Аз чанги ғам ба хилвати андешаҳои ишқ

Бурдам паноҳу бе ту дар онҷо гиристам



Идома

Мавзӯъ: Ошиқона، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:9)      1   2   3   4   5   6   7   ...  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic