Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Носири Хисрав гуфтугуе дорад байни бутаи кадуе, ки дар зери дарахти чаноре руида буд ва ба суръат ҳарчи тамомтар рушд мекард ва саросари дарахти чанорро фаро мегирифт ва байни он дарахти чанор, ки си сол аз умраш гузашта буд



Идома

Мавзӯъ: Достон،  Носири Хисрав، 

Дар ҷое назри медоданд аз фақире ки дар он ҳаволи мегузашт пурсиданд: иштиҳо дори

Гуфт: танҳо чизе ки дорам ҳамин аст



Идома

Мавзӯъ: Наср،  Достон، 

Шахсе тире ба мурғе андохт. Хато рафт

Рафиқаш гуфт: Аҳсант

Тирандоз барошуфт ки маро ришханд мекуни

Гуфт: не мегуям аҳсант аммо ба мурғ





Мавзӯъ: Достон،  Наср، 

Саногӯи амири дуздон

Шоире пеши амири дуздон рафт ва саное бар ӯ бигуфт. Фармуд то ҷома аз ӯ баркананд ва аз деҳ ба дар кунанд. Мискин, бараҳна ба сармо ҳаме рафт... сагон дар қафои вай афтоданд. Хост то санге бардорад ва сагонро дафъ кунад. Дар замин ях гирифта буд. Оҷиз шуд, гуфт: 



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ،  Пандҳои ҳакимона،  Достон، 

Зоҳид

Подшоҳеро муҳимме пеш омад гуфт агар ин ҳолат ба муроди ман барояд чандин дирам диҳам зоҳидонро чун ҳоҷаташ баромад ва ташвиши хотираш бирафт вафои назраш ба вуҷуди шарт лозим омад якеро аз бандагои хосс кисае дирам дод то сарф кунад бар зоҳидон гуянд ғуломе оқил ҳушёр буд ҳама рӯз бигардид ва шабона бозомад ва дирамҳо буса дод ва пеши малик бинҳод ва гуфт 



Идома

Мавзӯъ: Саъди Шерозӣ،  Пандҳои ҳакимона،  Достон، 

Султон Маҳмуд, пири заъиферо дид ки пуштвораи хор мекашид.

Бар ӯ раҳмаш омад гуфт:

Эй пир ду се динори зар мехоҳи ё дарозгуше ё ду се гусфанд ё боғе ки ба ту диҳам, то аз ин заҳмат халоси ёби.

Пир гуфт: Зар бидеҳ то дар миён бандам ва бар дарозгуш бинишинам ва гусфандон дар пеш гирам ва ба боғ равам ва ба давлати ту дар боқии умр онҷо биёсоям.

Султонро хуш омад ва фармуд чунон карданд.





Мавзӯъ: Достон، 

Латифаҳо

Сарбозеро гуфтанд: Чаро ба ҷанг намеравӣ? Гуфт: Ба Худо савганд ки ман як тан аз душманонро нашиносам ва ишон низ маро нашиносанд; пас душмани миёни мо чун сурат бандад?

 

Асбе дар мусобиқа пеши гирифт. Марде аз шоди бонг бардошт ва ба худситои пардохт. Касе ки дар канораш буд гуфт: магар ин асп аз они туст? Гуфт: На. Лекин лаҷомаш аз ман аст

 

Кале аз ҳаммом берун омад. Кулоҳаш дуздида буданд. Бо ҳаммоми моҷаро мекард, гуфт: Ту инҷо омади кулоҳ надоштӣ. Гуфт: Эй мусулмон ин сар аз они сарҳост ки бекулоҳ ба роҳ тавон бурд?

Убайди Зоконӣ





Мавзӯъ: Достон، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic