Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Бе тани хоки чу номи некмардон зиндаам

Солҳо шуд ин либоси ориятро кандаам

Гар чи барги ман забони шукру бор афтодагист

Ҳамчунон аз ҳусн саъйи боғбон шармандаам



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 

Ишрати рӯи замин дар бурдбори дидаам

Нақши поям нақши худ дар хоксори дидаам

Вой бар ҷонам агар иззат парастон пай баранд

Эътибореро ки дар бе эътибори дидаам



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 

Афсус ки айёми шарифи Рамазон рафт

Си ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт

Афсус ки си пораи ин моҳи муборак

Аз даст ба як бора чу авроқи хазон рафт



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 

Зи қайди ҷисму ҷонҳои азиз осон бурун ояд

Ба хоби Юсуф беҷурм аз зиндон бурун ояд

 

Агар ин аст инсофу мурувват корвонеро

Чи афтодаст Юсуф аз чи Канъон бурун ояд



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 

Ба зар қалб зи ихвон нахарад Юсуфро

Аз тамомшои ту чашме ки тавонгар гардад

 

Шавқи домангири тимсоли он Юсуф лиқо

Дасти густохи Зулайхо мекунад оинаро



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 

Бонги ҷарас зи хубии Юсуф чи огаҳ аст

Дар кунҳи зоти ҳақ нарасад қайлу қолҳо

 

Нақши Юсуф бар мурод аз сели ихвон нишаст

Даст бар дил не, зи сахтиҳои даврон сар мапеч



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 

Мо дар хиёли рӯи ту дар хоб рафтаем

Юсуф ниқоби баста дар ояд ба хоби мо

 

Юсуфи мо дар тарозу чанд бошад ҳамчу санг

Эй ба ҳиммат аз Зулайхо камтарин, ғайрат кунед



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 

Ёди рухсори туро дар дил ниҳон дорем мо

Дар дили дузах биҳишти ҷовидон дорем мо

Дар чунин роҳе ки мардон туша аз дил кардаанд

Сода лавҳи бин ки фикри обу нон дорем мо

Манзили мо ҳам рикоби мост ҳар ҷо меравем

Дар сафар толеъ реги равон дорем мо

Чист хоки тира то бошад тамошогоҳи мо?

Сирҳо дар хештан чун осмон дорем мо



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 
Ончунон к-аз рафтани гул хор мемонад ба ҷо,
Аз ҷавонӣ ҳасрати бисёр мемонад ба ҷо.
Оҳи афсусу сиришки гарму доғи ҳасрат аст,
 Ончи аз умри сабукрафтор мемонад ба ҷо.
 Комҷӯӣ ғайри нокомӣ надорад ҳосиле,
Дар кафи гулчин зи гулшан, хор мемонад ба ҷо.



Идома

Мавзӯъ: Соиби Табрезӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic