Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ба қабристон гузар кардам сабоҳе,

Шунидам нолаву афғону оҳе.

Шунидам каллае бо хок мегуфт,

Ки ин дунё намеарзад ба коҳе.

 

Азизон аз ғаму дарду ҷудоӣ,

Ба чашмонум намонда равшаноӣ.

Гирифторам бадоми ғурбату дард,

На ёру ҳамдаме на ошноӣ.

 



Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Агар дардам яке буди чи буди,

Вагар ғам андаку буди чи буди.

Ба болинам табибе ё ҳабибе,

Азин ҳар ду яке буди чи буди.

 

Маро девонаву шайдо ту карди,

Маро саргаштаву расво ту карди.

Намедонам дилам дорад куҷо ҷой,

Намедонам ки дарде ҷо ту карди.

 .



Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Бадоми дилбаре дил мубтало би,

Ки ҳиҷронаш бало васлаш бало би.

Дарин вайронаи дил ҷуз хун надидам.

На дилгӯи ки дашти бебало би.

 

Ҷаҳони бевафо зиндони мо бе,

Гули ғам қисмати домони мо бе.

Ғами Яъқубу меҳнатҳои Айюб,

Ҳама гуё насиби ҷони мо бе.

.


Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Сарам савдои гесуи ту доре,

Дилам майли гули рӯи ту доре.

Агар чашмам ба моҳи нав карда майле,

Назар бар тоқи абрӯи ту доре.

 

Дарахти ғам ба ҷонам карда реша,

Ба даргоҳи Худо нолам ҳамеша.

Рафиқон қадри якдигар бидонед.

Аҷал сангасту одам мисли шиша.

 .



Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Шабе кон нозанинам дар бар ояд,

Гузашта умрам аз нав бар сар ояд.

Ҳама шав дидаи му то саҳаргоҳ,

Ба раҳ бошад ки ёрам аз дар ояд.

 

Хушо он соат ки ёр аз дар ояд,

Шаби ҳиҷрону рӯзи ғам сар ояд.

Зи дил берун кунам ҷонро ба сад шавқ,

Ҳаме ҷоям ки ҷояш дилбар ояд.

.


Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Ба ханҷар гар бароранд дидагонам,

Дар оташ гар бисузонанд устухонам.

Агар бар нохунонам ней бикубанд,

Нагирам дил зи ёри меҳрубонам.

 

Пушаймонам пушаймонам пушаймон,

Корвони бувинам то бушаймон.

Куҳан дунё ба ҳеҷ кас намонда,

Ба ҳарза кула бори мекашимон.

 .



Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Ҳазорон мулки дунё гар бидорам,

Ҳазорон мулки уқбо гар бидорам.

Бирав ту дилбарам то бо ту воҷам,

Ки бу рӯи ту онро гар бидорум.

 

Ба ҷуз ту дигар ёре надорум,

Ба ағёри сару коре надорум.

Ба дукони ту он коса матоам,

Ки аслан рӯи бозори надорум.

.


Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Худоё дод аз ин дил дод аз ин дил,

Нагаштам як замон ман шод аз ин дил.

Чу фардо доди хоҳон доди хоҳон,

Бар орам ман ду сад фарёд аз ин дил.

 

Чаро доим бихоби эй дил эй дил,

Зи ғам дар изтироби эй дил эй дил.

Бирав кунҷе нишин шукри Худо кун,

Ки шояд комёби эй дил эй дил.



Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Ғами ишқат биёбон парварам кард,

Фироқат мурғи болу бе парам кард.

Бимувоҷи сабури кун сабури,

Сабури турфаи хоке бар сарам кард.

 

Чу он нахлам ки бораш хурда бошанд,

Чу он вайрон ки ганҷаш бурда бошанд.

Чу он пире ҳаме нолам дарин дашт.

Ки рудони азизаш мурда бошанд.

 .



Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 

Ду чашмам дарди чашмонат бичинод,

Мабу руе ки чашмам таҳ мабинод.

Шунидам рафтиву ёре гирифти,

Агар гушам шуниди чашмам мабинод.

 

Яке дарду яке дармон писандад,

Яке васлу яке ҳиҷрон писандад.

Ман аз дармону дарду васлу ҳиҷрон

Писандам ончиро ҷонон писандад.

 

.


Идома

Мавзӯъ: Боботоҳир، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:2)      1   2  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic