Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Лаҳзае худро биё аз хештан бегона кун

Диданиҳоро фидои дидани ҷонона кун

То ба кай май аз сабуи ғайр менуши биё

Аз сабуи раҳмати ҳақ бода дар паймона кун

Ганҷ дар вайрона пинҳонаст бояд ранҷ кард

Ганҷи беранҷ ар ки хоҳи хешро вайрона кун

То нагардад аз парешони парешон хотират

Ҳар куҷо диди парешон гесувоне шона кун



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 

Гузашт умру биё ғафлат аз илоҳ макун

Бас аст хира сари дигар иштбоҳ макун

Ҳар ончи нома навишти ту аз гуноҳ бас аст

Биёву тавба куну номае сиёҳ макун

Ба меҳмонии худ хондаат Худо инак

Биёву вақти гаронмояро табоҳ макун

Ба дарки ин замона агар накушиди

Биёву ғафлат аз ин мо бақи моҳ макун



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 

Ҳарки ори аз риё гардад сафояш медиҳанд

Чун ки гардад бо сафо бар дида ҷояш медиҳанд

Аҳли тақворо ба маҳшар имтиёзи дигарест

Гарчи инҷо бештар ҷоми балояш медиҳанд

Бе баҳо будан ба назди халқ ганҷи пурбаҳост

Хок чун Одам шавад қадру баҳояш медиҳанд

Ҳар касе аз роҳи фаҳмаш мекунад дарки сухан

Ҳарчи сузи най фузун бошад навояш медиҳанд



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 

Ё Раб ба мо ту қудрати тарки хато бидеҳ

Тавфиқи бандагии бидуни риё бидеҳ

Аз баҳри бекаронаи алтофи хештан

Бар ончи лоиқем ба мо эй Худо бидеҳ

Аз мо бигир кинаву кибру ҳасад вале

Бар мо сафои ботину сидқу сафо бидеҳ



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 

Гули зарқу барқи зарро мехури эй дил чаро

Зиндагиро мекуни бар хештан мушкил чаро

Ғунча гул шуд, гул хазон гардиду булбул шуд хамуш

Мондаи эй боғбон, ҳайрону по дар гил чаро

Умр тай шуд, навҷавони рафту пири сар расид

Ҳубби дунёро намесози бурун аз дил чаро

Чеҳра пурчин гашту қомат долу мӯи сар расид

Аз мукофоти амал биншастаи эй ғофил чаро



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 

Кори оташ ба сафри маърака бугдохтан аст

Нафси саркаш ҳадафаш кори хирад сохтан аст

Иллати ғафлати инсон зи Худо, озу ҳавост

Ҳосили озу ҳаво ҳастии худ бохтан аст

Ҳеҷ коре ба ҷаҳон баҳри башар нест маҳол

Ҳадаф аз хилқати мо асби амал тохтан аст

Ҳарки бо теғи забон теғи ситам хез кунад

Ҳосилаш насли зуд аз реша барандохтан аст



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 

Хушо ба нима шабе бо Худо сафо кардан

Забони ҳол гушудан зи дил дуо кардан

Тамоми лаззати олам намерасад қадраш

Ба як дақиқа муноҷот, бо Худо кардан

Ба сад ҳазор қабулии умра меарзад

Ба даҳр як гиреҳ аз кори халқ во кардан



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 

Хилвати ғори Ҳиро

Он шаб сукути хилвати ғори Ҳиро шикаст

Бо он шикаст, қомати Лоту Узо шикаст

Омад ба гуш хатми расулон нидо бихон

Муҳри сукути лаъли башар зон нидо шикаст

Бо хондани нахонад алифбо тилисми ҷаҳл

Дар сарзамин рукну мақоми асо шикаст

Одам  ба боғи хулди Худоро сипос гирифт

То садди зулму фақр ба уммул қуро шикаст

 



Идома

Мавзӯъ: Жулидаи Нишопурӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات