Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Сипос аз Худо Эзади раҳнамой

Ки аз кофу нун кард гети ба пой

Яке каш на озу на анбоз буд

На анҷом бошад на оғоз буд



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Эй бартар аз хиёлу қиёсу гумону ваҳм

В-аз ҳарчи гуфтаанд шунидему хондаем

Маҷлис тамом гашту ба охир расид умр

Мо ҳамчунон дар аввали васфи ту мондаем

Саъдӣ



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Туфони гуноҳ

Ё Раб зи каромоти ту шарманда шудам ман

Дар маҳзари ту боз сарафканда шудам ман

Ҳарчанд ки шарм аз гунаҳи хеш накардам

Бо ашки надомат зи ту шарманда шудам ман



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Ман ки аз қофилаи пири муғон ҷо мондам

Таку танҳо шудам, аз ҳамсафарон ҷо мондам

Лутфи ту гарчи маро лаҳзае танҳо нагузошт

Бо гунаҳ унс гирифтаму ҳамон ҷо мондам



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Бигзоред бар аҳволи худам гиря кунам

Бар сияҳкори аъмоли худам гиря кунам

Феълу қавлам ҳама бемавриду мардуд буд

Ҷои онаст бар афъоли худам гиря кунам



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Ончи умед диҳад тавбаи манро ин аст

Пои алафви ман аз раҳмати ҳақ тазмин аст

Ман агар бар сари ин суфра тамаъкор шудам

Иллат ин буд ки меҳмониятон рангин аст



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Шармандаи лутфи бекаронат ҳастам

Шармандатарини бандагонат ҳастам

Ё Раб ано соилуллази аътайтуҳ

Умрест дахили остонат ҳастам



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Қадри ин умри гаронро не ту дониву не ман

Асби омоли ҷаҳонро не ту дониву не ман

Гарам аз лутфи Худо умри ду сад Нуҳ куни

Бо хабар бош ки охир не ту мониву не ман





Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Илоҳӣ диле деҳ ки ҷои ту бошад

Лисоне ки дар он санои ту бошад

Илоҳи бидеҳ ҳиммате ончунонам

Ки саъими вусули лиқои ту бошад



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 

Илоҳӣ дар шаби қабрам бисузон

Вале муҳтоҷи номардон магардон

Ато кун дасти бахшиш ҳиммататро

Хиҷил аз рӯи муҳтоҷон магардон



Идома

Мавзӯъ: Муноҷот бо Худо، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:6)      1   2   3   4   5   6  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic