Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Хоҳӣ, ки доно шавӣ

Шахси тавоно шавӣ

Бош зи ман баҳраёб

Ҳикмати ман беҳисоб



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Он манзари файзи субҳгоҳи бингар

Анвори таҷалли илоҳӣ бингар

Дар водии нуқра фоми гардун ҳар шаб

Он қофилаи ло ятаноҳи бингар



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Биё соқи бидеҳ он ҷоми гулранг

Ки зад бар шишаи ман осмон санг

Ба саҳ саҳро намегунҷад ғами дил

Чи сон гуҷояш дар синаи танг



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Дар боғи ҷаҳони ту ҳам гул зебоӣ

Буёву дилангезу чаман ороӣ

Умрест ки гулҳои дигар механданд

Ин ғунчаи тар чаро ту лаб нагшоӣ



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Чун дар кафи рӯзгор гаштем забун

Чун соғари ишқу орзу гашт нагун

Ҷосуси хирад дигар чи ҷуяд аз мо

Гуяд казин шаҳр кашад рахт бурун



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Ё Раб дарде ки нола оғоз кунам

Шуре ки суруди шавқро соз кунам

Чашме ки ба сӯи хеш чун боз кунам

Он гумшударо аз дур овоз кунам



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Сари роҳи ғарибон хор руяд

Зи кишти шони дил бемор руяд

Ба ҳар ҷое ки корам тухми умед

Ба ҷои гул ҳама озор руяд



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Дар гулшани зиндагӣ ба ҷуз хор набуд

Ҷуз дарду ғаму меҳнату озор набуд

Умед накард ки ёс омад бор

Сар то сари зиндагони ҷуз ин кор набуд



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Ориф ба дил зарра ҷаҳон мебинад

Онҷо маҳу меҳру каҳкашон мебинад

Кури бингар ки чашми донишвари аср

Дасту сари куштагон дар он мебинад



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Азизон чун бадон соҳил расиданд

Зи ҳамроҳони худ якдам буриданд

Чунон аз суҳбати мо дил гирифтанд

Ки саҳво ҳам ба сӯи мо надиданд



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:11)      1   2   3   4   5   6   7   ...  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic