Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ба номи Худо

Дар шеъри форсӣ ҳудуди 300 навъ оҳанг (вазн) вуҷуд дорад. Илова бар ин, бо таркибҳои нав байни аркони оҳангҳои гуногуни дигаре ҳам метавон сохт. Машҳуртарини оҳангҳо сиву як вазн аст, ки дар зер ба сурати алифбои нақл мешавад

Дар ҳошия нуктаҳоеро дар боби номгузори вазно тавзеҳ медиҳем ки барои мутолиаи бештари шумо хонандагон аст не ҳифз кардан гарчи ҳифзи онҳо ҳам бад нест. Яъне баъд аз муроҷиати мутааддид худ ба худ бархе аз матолиби он дар зеҳн ҷойгузин мегардад



Идома

Мавзӯъ: Арӯз ва қофия، 

Дарси дувум

Тақтиъ ва вазн

Тақтиъ

Муҳимтарин баҳси илми аруз ва ба иборати дигар асоси илми аруз, тақтиъ аст ва ҳамаи матолиби дигар дар ҷиҳати кумак ба тақтиъи саҳеҳ аст.

Тақтиъ дар луғат ба маънои қитъа қитъа кардан ва дар истилоҳи илми аруз, бахш кардани мисроъ ба ҳиҷоҳои кутоҳ ва баланд аст. Чаро шеърро ба ҳиҷоҳои кутоҳ ва баланд бахш мекунем? Барои инки вазн ё оҳанги шеърро дарёбем? Чигуна? Ҳаргоҳ байни маҷмуае аз ҳиҷоҳои кутоҳ ва баланд ки бадон рукн мегуянд назму тартиби хоссе барқарор шавад, калом мавзун ва оҳангин аст.




Идома

Мавзӯъ: Арӯз ва қофия، 

Ба номи Худо

Арӯз (аруз)

Дарси якум

Таърифи арӯз

Аруз яке аз анвои улуми адаби аст, ки аз вазн ва оҳанги шеър баҳс мекунад. Дар аӯз аз кайфияти ба вуҷуд омадани вазни шеър, анвоъи он, дурусти ё нодурусти он, маъмул будан ё маъмул набудани он ... сухан мегуяд.



Идома

Мавзӯъ: Арӯз ва қофия، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات