Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Дилам дар ошиқи овора шуд оворатар бодо

Танам аз бедили бечора шуд бечоратар бодо

Ба тороҷи азизон зулфи ту айёри дорад

Ба хунрези ғарибон чамши ту айёртар бодо



Идома

Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Эй рухи зебои ту оинаи синаҳо

Рӯи туро дар хиёл з-ин намати оинаҳо

Ғамза мазан к-он хиёл то ба ҷигарҳо нишаст

Теғи балорак дамид вой ки бар сари синаҳо



Идома

Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Гуфти зи дил бурун кун ғамҳои бекаронро

Ту пеши чашму онгаҳ ҷой гила забонро

То дил зи ман бибурди аз нола шаб нахуфтам

Эй дузд, бишнав охир фарёди посбонро



Идома

Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Нушин лабе ки лаълаш нав кард ҷоми ҷамро

Ҳаст аз пеш хароби дарвешу муҳташамро

Ман хоки пои масти к-онҷо ки рехт ҷуръае

Лағзид пойи риндони сад соҳиб карамро



Идома

Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Сад ҳазорон офарин ҷонофарини покро

Кофарид аз обу гил сарве чу ту чолокро

Талх мегуиву ман мебинамат аз дуру бас

Заҳр кай ояд фуру, гар нангарам тарёкро



Идома

Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Зиҳи равшан зи руят чашми биниш

Вуҷудат кимиёи офариниш

Муборак номаи Қуръон ту дори

Ки мурғи нома шуд руҳул аминаш



Идома

Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Намедонад маҳи номеҳрубонам

Ки дур аз рӯи хеш бар чи сонам

Чу зулфи беқарораш бе қарорам

Чу чашми нотавонаш нотавонам

Бирав боду гадои кун ба куяш

Бигу бо он маҳи номеҳрубонам

Ки гар чи мезани теғи забонам

Ҳанузам дардат андар сина бошад

Агар дар хок резад устухонам

Бипуш аз шамъи ҳолсузи Хусрав

Ки то гуяд ки шабҳо бар чи сонам

Деҳлави





Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Гуям бибахш ҷони ман ӯ гуядам ки на

Ҷонбахши ман бас аст ҳамон гуфтани нааш

Чун гул зи рашк ҷома даронам ки то чарост

Дар гирди куи гаштани боди саҳар гаҳаш

Деҳлави





Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Гулу шукуфа ҳама ҳасту ёр нест чи суд

Бути шакар лаби ман дар канор нест чи суд

Баҳор омаду ҳар гул ки бояд он ҳама ҳаст

Гуле ки металабам дар баҳор нест чи суд

Деҳлави





Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 

Ҷавону пир ки дар банди молу фарзанданд

На оқиланд ки тифлони нохирдманданд

Ба хонае ки раҳ ҷон наметавон бастан

Чи аблаҳанд касоне ки дил ҳаме банданд

Ба сабзазори фалак турфа боғбононанд

Ки ҳар ниҳол ки шонданд боз барканданд

Ҷамоли суҳбати ҳамсуҳбатон ғанимат дон

Ки мераванд на аз он сон ки боз пайванданд



Идома

Мавзӯъ: Амир Хусрави Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:2)      1   2  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic