Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ва тавба бозгашта аст ба Худой

 قوله تعالی: «توبوا الی الله توبه نصوحا»

Бидонки илм зиндагони аст ва ҳикмат оина ва хурсанди ҳисор ва умед шафеъ ва зикр дору ва тавба тарёқ



Идома

Мавзӯъ: Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ، 

    Пири тариқат гӯяд: Худоё ба ҳар сифат, ки ҳастам, бархости ту мавқуфам, ба ҳар ном, ки маро хонанд ба бандаги ту маъруфам. То ҷон дорам, рахт аз ин кӯй барнадорам; ҳар кас, ки ту он гӯи биҳишти ӯро банда аст ва он кас ки ту дар зиндагони ӯ ҳасти, зиндаи ҷовид аст. Худовандо, гуфтори ту роҳати дил аст ва дидори ту зиндагони ҷон



Идома

Мавзӯъ: Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ، 

Дар аҷабам аз касе ки куҳро мешикофад то ба маъдани ҷавоҳир бирасад, вале хешро намековад то ба даруни худ роҳ ёбад.

Илоҳӣ номи ту моро ҷавоз, меҳри ту моро ҷиҳоз, шинохти ту моро амон, лутфи ту моро аён.

Илоҳӣ заъифонро паноҳӣ, қосидонро бар сари роҳӣ, муъминонро гувоҳи, чи азиз аст он кас ки ту хоҳи...

Илоҳӣ дар ҷалол раҳмони, дар камол субҳони, не муҳтоҷи замони ва не орзуманди макони, не кас ба ту монад  ва не ба касе мони, пайдост ки дар миёни ҷони, балки ҷони зинда ба чизе аст ки ту онӣ.



Идома

Мавзӯъ: Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ، 

Сайиди авҳо улуми мин ладуни

Шоҳи ав адно сарири рабби зидни илтимос

Рози ӯ дар хонқоҳ ҳасбияллоҳ бешумор

Нози ӯ дар боргоҳи ли маъаллоҳ беқиёс



Идома

Мавзӯъ: Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات