Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 


Мусулмонон! Сарои умр, дар гети ду дар дорад

Ки хоссу омму неку бад, бадин ҳар ду, гузар дорад

Ду дар дорад: ҳаёту марг, к-андар аввалу охир

Яке қуфл аз қазо дорад, яке банд аз қадар дорад



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Дар дил онро ки равшаноӣ нест

Дар хароботаш ошноӣ нест

Дар хароботи худ ба ҳеҷ сабил

Мавзеъи мардум мароӣ нест



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Ҳар ки дар роҳи ишқ содиқ нест

Ҷуз мароиву ҷуз мунофиқ нест

Онки дар роҳи ишқ хомӯшаст

Нукта гуяст агарчи нотиқ нест



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Маъшуқ ба сомон шуд то бод чунин бодо

Куфраш ҳама имон шуд то бод чунин бодо

З-он лаб ки ҳаме заҳр фишонди ба такбир

Акнун шакар афшон шуд то бод чунин бодо



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Нигорино дилам бурди Худоям бар ту довар бод

Ба дасти ҳиҷр биспурди Худоям бар ту довар бод

Вафоҳоӣ ки ман кардам мукофоташ ҷафо омад

Буто бас ноҷавонмарди Худоям бар ту довар бод



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Гар ту пиндори туро лутфи Худоӣ нест ҳаст

Бар сари хубони олам подшоӣ нест ҳаст

Вар чунон дони ки ҷон покбозонро зи ишқ

Бо чамоли хоки поят ошноӣ нест ҳаст



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Соқиё дони ки махмурем дар деҳ ҷомро

Соате ором деҳ ин умри беоромро

Мири маҷлис чун ту боши бо ҷамоат дар нигар

Хом дар деҳ пухтарову пухта дар деҳ хомро



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Эй дарунпарвари бурунорой

Вей хирадбахши бехирад бахшой

Холиқу розиқу замину замон

Ҳофизу носири макину макон



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Бо ӯ дилам ба меҳру маваддат ягона буд

Симурғи ишқро дили ман ошиёна буд

Бар даргаҳам зи ҷамъи фаришта сипоҳ буд

Арши маҷид ҷоми маро остона буд



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 

Малико зикри ту гуям ки ту покиву Худоӣ

Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ ки туам роҳнамоӣ

Ҳама даргоҳи ту ҷуям ҳама аз фазли ту пуям

Ҳама тавҳиди ту гуям ки ба тавҳид сазоӣ

Ту зану ҷуфт надори ту хуру хуфт надори

Аҳаде бе зану ҷуфти малики комравои

На ниёзат ба вилодат не ба фарзанд ҳоҷат

Ту ҷалилул ҷабарути ту насирул умарои

Ту ҳакими ту азими ту карими ту раҳими

Ту намояндаи фазли ту сазовори санои



Идома

Мавзӯъ: Санои Ғазнавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:4)      1   2   3   4  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات