Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ғам бигзарад аз ман чу ба ман баргузари ту

Он лаҳза шавам шод ки дар ман нигари ту

Аз нозуки пойи ту эй ёр дили ман

Ранҷа шавад ар савсану насрин сипари ту



Идома

Мавзӯъ: Масъуди Саъди Салмон، 

Дар базми подшо нигар ин кору бори гул

Вин бода бин шуда ба тараб дастёри гул

Гул чанд моҳ мунтазири базми шоҳ буд

Ваз баҳри он дароз кашид интизори гул



Идома

Мавзӯъ: Масъуди Саъди Салмон، 

Маро рӯи ту эй нозанин нигор

Ба ди моҳ басе хуштар аз навбаҳор

Ман аз рӯи ту чан зард шуд чаман

Гулу лолаи сури чинам зи бор



Идома

Мавзӯъ: Масъуди Саъди Салмон، 

Эй турки лоларух бидеҳ он лолагун шароб

Тобон зи ҷом чун рухи лаъл аз қасби ниқоб

Ман гуями гулобаст он май ки медиҳи

Гар ҳеҷгуна гуна гул доради гулоб



Идома

Мавзӯъ: Масъуди Саъди Салмон، 

Гуфтам ки чанд сабр кунам эй нигор гуфт

То ҳаст умр гуфтам ранҷа мадор гуфт

Беранҷ ишқ набвад гуфтам ниям ба ранҷ

Фарсуда чанд бошад аз ин эй нигор гуфт



Идома

Мавзӯъ: Масъуди Саъди Салмон، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات