Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро

Ба буса нақш кунам барги ёсумини туро

Бар он замин ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳи

Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро

Ҳазор буса диҳам бар саҳои номаи ту

Агар бубинам бар муҳри ӯ нигини туро



Идома

Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 


Бӯи ҷӯи мулиён ояд ҳаме

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Ому бо дуруштиҳои ӯ,

Зери по чун парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯи дуст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.



Идома

Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 

Биё, дилу ҷонро ба Худованд бисупорем,

Андуҳи дираму ғами динор надорем.

Ҷонро зи пайи дину диёнат бифурушем,

Вин умри фаноро ба раҳи ғазв гузорем.

 

Агар амири ҷаҳондор доди ман надиҳад,

Чаҳор сола навиди маро ки ҳаст харом.

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некуӣву ба сулҳ,

Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу кори ниғом..



Идома

Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 

Зиндагони чи кутаҳу чи дароз,

На ба охир бимирад бодя боз?

Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,

Ин расанро, гарчи ҳаст дароз.

Хоҳи андар инову шиддат зи,

Хоҳи андар амон ба неъмату ноз.



Идома

Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 

Нигорино, шунидастам ки: гоҳ меҳнату роҳат,

Се пироҳан салби дусти Юсуфро ба умр андар.

Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат.

Савум Яъқубро аз буш равшан гашт чашм тар.

Рухам монад бадон аввал, дилам монад бадон сони,

Насиби ман шавад дар васли он пироҳани дигар?





Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 

Касеро ки бошад ба дил меҳри Ҳайдар,

Шавад сурхруй дар ду гети ба овар.

Аё сару бун, дар таку пуйи онам,

Ки: фарғанди осо бипечам ба тавбар.





Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 

Ҳар бод ки аз сӯи Бухоро ма ман ояд,

Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.

Бар ҳар зану ҳар мард, куҷо барвазад он бод,

Гуӣ: магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Не не, зи Хутан бод чунин барнавазад ҳеч,

Кон бад ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.



Идома

Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 

Маро бисуду фуру рехт ҳарчи дандон буд,

Набуд дандон лобал чароғи тобон буд,

Сапеду симзада буду дурру гуҳар марҷон буд,

Ситораи саҳари буду қатраборон буд.

Яке намонд кунун зон ҳама, бисуду бирехт,

Чи наҳс буд! Ҳамоно ки наҳси кайвон буд.



Идома

Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 


Малико, ҷашни меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Хез ба ҷои мулҳиму харгоҳ,

Бадали боғу бустон омад.

Маврид ба ҷойи савсан омад боз,

Май ба ҷои арғувон омад.



Идома

Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 

Зулфи туро ҷим ки кард? Онки кард,

Холи туро нуқтаи он ҷим кард.

Вон даҳани танги ту гӯӣ касе,

Донагаке нор ба ду ним кард.





Мавзӯъ: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:3)      1   2   3  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic