Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Пулу заврақ намехоҳад муҳити кибриё инҷо

Ба ҳар сӯ сайри кишти бар камар дорад гадо инҷо

Дамоғи бениёзон нанги хоҳиш бар намедорад

Баланди зери по меояд аз дасти дуо инҷо

Ғубори дашти берангему мавҷи баҳри беҳосил

Сари он доман аз дасти ки мегардад раҳо инҷо

Дарин саҳро ба одоби нигаҳ бояд харомидан

Ки рӯи нозанинон мехарошад нақши по инҷо

Ғуборам об мегардад зи шарми гардан афрози

Зи шабнам бар намеоя гар ҳама гардам ҳаво инҷо

Либосе нест ҳастиро, ки пушад айби пайдое

Саҳар аз тору пуди чок мебофад радо инҷо

Шабистони ҷаҳону сояи давлат, чи фахрост ин

Магар дар чашми хуфош ошён бандад ҳумо инҷо

Ҳузури истиқомат мепарастад шамъи ин маҳфил

Ба по афтод агар гардад сар аз гардан ҷудо инҷо

Ба души накҳати гул меравам аз хешу меоям

Ки меорад паёми нози он овози по инҷо

Ба гушам аз табу тоби нафс овоз меояд

Ки гар сад сол ноле бар дари дил нест ҷо инҷо

Умеди дастгири мунқатиъ кун зин сабук мағзон

Ки чун най нола бармехезад аз саъйи асо инҷо

Садои илтифоте аз сари ин хон намеҷушад

Лаби гуре магар во гардаду гуяд биё инҷо

Ҳуман гар чоке аз домони урёне ба даст орад

Наафтад дар фаишори танги аз банди қабо инҷо

Ба рангомези иқболи мунъими нозҳо дорад

Надид ин бехабар рӯи ки месозад сиё инҷо

Табоеъро фусун ҳирс дорад дар ба дар Бедил

Ҷаҳон лабрези истионат гар бошад ҳаё инҷо





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic