Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ба даъват ҳама касро кас намегуяд биё инҷо

Садои нон шикастан гашт бонги осиё инҷо

Агар бо ин нагубиҳост хони ҷуди сарпушаш

Зи вазъи тоҷ бар кашкул мегиряд гадо инҷо

Фалак дар хок пинҳон накард яксар сурати одам

Мусаввар гардаи мехоҳад аз мардум гиё инҷо

Аёри рабти луфат дигар аз ёрон ки мегиряд

Сару гардан чу ҷому шишаст аз ҳам ҷудо инҷо

Ҷаҳон номунфаил гул кард, асар ҳам мавқее дорад

Арақворе ба рӯи кас намешошад ҳаё инҷо

Зи бемағзи шукуҳи салтанат шуд нанги каноси

Ба ҷои устухон гаҳ хурда мегардад ҳумо инҷо

Ки меорад паёми дустони рафта зин маҳфил

Магар аз нақши поё бишнавем овози по инҷо

Ғубори субҳ диди шарм дор зи сайри ин гулшан

Зи ибрат хок бар сар карда меояд ҳаво инҷо

Агар дар табъи ғайрат нанг изҳори ғараз бошад

Кафи по кунад саркуби дасти дуо инҷо

Тараб умрест бо сози кудурат бар намеобад

Сиёҳи пештоз афтод зи ранги ҳано инҷо

Равам дар кунҷи танҳои замоне во кашам Бедил

Ки аз дилҳои пур дар базми суҳбат нест ҷо инҷо





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic