Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Охир зи фақр бар сари дунё задем по

Халқе ба ҷоҳи такя заду мо задем по

Фарқе надошт иззату хори дарин басот

Бедор шуд ғано ба тамаъ то задем по

Аз асл, дур монд ҷаҳоне ба завқи фаръ

Мо ҳам як обгина ба хоро задем по

Умрест тамаъи хори ҳуҷуми надоматем

Ё Раб чаро чу мавҷ ба дарё задем по

Зин мушт пар ки раҳзан ороми кас мабод

Бар ошёни улфати анқо задем по

Қадри шикасти дил нашиноси ситамкашест

Мо бехабар ба резаи мино задем по

Тай шуд ба ваҳм умр чи дунё чи охират

Зин як нафас тапиш ба куҷоҳо задем по

Мужгони баста сайри ду олам хиёл дошт

Аз шухи нигаҳ ба тамошо задем по

Шарми суҷуди ӯ арақе ҷанд соз кард

Каз ҷибҳа судани ба сурайё задем по

Вомондаги чу мавҷи гуҳар беғино набуд

Бар оламе зи обилаи по задем по

Чун ашки шамъ дар қадами аҷз доштем

Лағзидане ки бар ҳама аъзо задем по

Бедил зи бас саросари ин дашт кулфат аст

Ҷуз гард барнахост ба ҳар ҷо задем по





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات