Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Рӯзе ки зад ба хоби шуурам аёғ по

Ман ҳам задам зи нашаа ба чандин дамоғ по

Ранги ҳано зи табъи чаман мавҷ мезанад

Шиссаст губи он гули худру ба боғ по

Сайри баҳор ранг надорад гули субот

Лағзад магар чу лола касеро ба доғ по

Онҷо ки нақши пои ту мақсуди ҷустуҷуст

Сар ҷои му кашад ба ҳавои суроғ по

Ҷуз хок тира нест банои ҷаҳон ранг

Товус суда аст ба минқори зоғ по

Бо табъи саркаш ин ҳама ранҷи вафо мабар

Рӯзи савр, шаб кунад асби чароғ по

Як гом агар зи ваҳми тааллуқ гузаштаи

Бедил дароз кун ба бисоти фироғ по





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات