Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Хатт ҷабини мост ҳамоғуши нақши по

Дорад ҳуҷум саҷдаи мо ҷуш нақши по

Роҳи адам ба саъйи нафас қаът мекунем

Афкандаем бори худ аз душ нақши по

Ранҷи хуморато нарасад дар суроғи дуст

Бастам басуи обила бар душ нақши по

Чун ҷода то ба роҳи ризо сар ниҳодаем

Мавҷи гул аст бар сари мо ҷуш нақши по

Сомони айши мо нашавад кам зи баъди марг

То мушти хоки мост қадаҳи нуш нақши по

Моему орзуи ҷабинсоии даре

Афсар чи мекунад сари мадҳуш нақши по

Чашм асар надида зи рафтори мо нишон

Чун сояам хароб фаромуш нақши по

Ҳар сирка пушт деги хиёли руунате

Пушидаш осмон таҳи сарпуш нақши по

Мастона мехаромиву тарсам ки дар раҳат

Бо ранги чеҳраам бипарад ҳуш нақши по

Дар ҳар қадам зи шавқи хароми ту мекашад

Хамёзаи фиғони лаби хомуш нақши по

Гоҳ харом мечакад аз пои нозукат

Ранги ҳано ба гармии оғуш нақши по

Ранги биноям аз хатти таслим рехтанд

Яқ ҷибҳа саҷда аст барудуш нақши по

Бедил зи ҷуши обилаам дар раҳи талаб

Гавҳарфуруш шуд чу садаф гуш нақши по





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات