Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ҷавлони мо фисурд ба занҷири хоби по

Вомондагист ҳосили таъбири хоби по

Мамнуни ғафлатем ки беминнат талаб

Моро ба мо расонад ба шабгири хоби по

Вомонадги зи силсилаи мо намеравад

Чун ҷодаем як раги занҷири хоб по

Дар ҳар сифат талофи ғафлат ғанимат аст

Товон зи чашмгир ба тақсири хоби по

Натвон ба саъй обила афсурдаги кашид

Хиште начидаем ба таъмири хоби по

Изҳори ғафлат талабам кори ақл нест

Нақош оҷизаст ба тасвири хоби по

Охир саре ба олами нурам кашидан аст

Ғофил ниям чу соя зи шабгири хоби по

Сомон орамидани мавҷи гавҳарем

Моро сарест бар хатти тасхири хоби по

Бедил дилат агар ҳаваси оҳанги манзил аст

Мову шикасти кушишу тадбири хоби по





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic