Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Кардаам боз ба он гиряи савдо, савдо

Ки зи ҳар ашк задам бар сари дарё, дарё

Соқи имшаб чи ҷунун рехт ба паймонаи ҳуш

Ки шикастам ба дил аз қилқили мино, мино

Маҳви ӯ гаштаму розам ба мало туфон кард

Ҳаст ҳайрони ошиқ лаби гуё, гуё

Доғи меъмори ашкам ки ба як лағзидан

Офиятҳо шуд аз ин обила, барпо, барпо

Дарди ишқам ману хилватгаҳи роҳам ватан аст

Гаштаам ин қадар аз нолаи расво, расво

Назри овораги шавқи ҳувият дорам

Мушти хоке ки диҳад тарҳ ба саҳро, саҳро

Дили ошуфтаи моро сари мӯе дарёб

Эй сари муи ту саркуби хутанҳо танҳо

Даври инсон ба миёни ду қадаҳ муштарак аст

То чи иқбол кунад ҷоми ладун ё дунё

То тақозо ба миён омада, матлаб рафтаст

Нест ғайр аз кафи афсуси талабҳо, лабҳо

Бедил ин нақл ба тороҷам ғами нися мадеҳ

Кори имрӯз кун имрӯз, зи фардо, фардо





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات