Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Ӯ сипеҳру ман кафи хоки ӯ куҷову ман куҷо

Доғам аз савдои хом ғафлату ваҳми расо

Аҷзро гар дар ҷаноби бениёзҳо раҳест

Инқадарҳо бас ки то куят расад фарёди мо

Нест барқи ҷонгудози чун тағофулҳои ноз

Беш аз ин оташ мазан дар хонаи оинаҳо

Ҳаркиро улфат шаҳиди чашми махмурат кунад

Нашаа ангезад зи хокаш гард то рӯзи ҷазо

Аз намуди хоксори ишқ натвон дод арз

Ранги тимсоле магар оина гардад тутиё

Нест дар бунёди оташ хонаи найранги даҳр

Он қадар хокистари коинае гирад ҷало

Зиндаги маҳмилкаши ваҳми ду олам орзуст

Метапад дар ҳар нафас сад корвони бонг даро

Орзуҳо хун гаштаи найранги вазъи ноз кист

Ғамза дорад дур бошу ҷилва мегуяд биё

Ҳарчи мебинам тапиш омодаи сад ҷустуҷуст

Зин биёбон нақши по ҳам нест беовози по

Қомати ӯ ҳар куҷо саркуби раъноён шавад

Сарвро хиҷлат магар дар сояаш дорад ба по

Ҳар нафас сад ранги мегирад инон ҷилвааш

То кунад шухи арақ оина мерезад ҳаё

Болу пар бар ҳам задан Бедил каф афсус буд

Хоки навмеди ба фақри саъйҳои норасо





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic