Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Эй хиёли қоматат оҳи заъифонро асо

Бар рухатназзораро лағзиш аз ҷуши сафо

Нашаи сад хам шароб аз чашми мастат ғамзае

Хунбаҳо сад чаман аз ҷилваҳоят як адо

Ҳамчу оина ҳазорат чашми ҳайрон рӯ ба рӯ

Ҳамчу кокул як ҷаҳон ҷамъи парешон дар қафо

Теғи мужгонат ба оби ноз доман мекашад

Чашми махмурат ба хуни ток мебандад ҳано

Абруи мишкинат аз бори тағофул гашта хам

Монда зулфи саркашат зандешаи дилҳо дуто

Ранги холат сурма дар чашми тамошо мекунад

Гирди хаттат медиҳад оинаи дилро ҷало

Баста бар боли асират номаи парвози ноз

Хуфта дар хуни шаҳидат ҷуши гулзори бақо

Аз сафои оризат ҷон мечакад гоҳе арақ

Ваз шикасти турраат дил медамад ҷойи садо

Лаъли хомушат гар аз мавҷи табассум дам занад

Ғунча созад дар чаман пироҳан аз хиҷлат қабо

Аз нигоҳат нашаҳо болида ҳар мужгон задан

Ваз харомат фитнаҳо ҷушида аз ҳар нақши по

Ҳар куҷо завқи тамошоят бар андозад ниқоб

Гар ҷамолат оми созад рухсати наззораро

Охир аз худ рафтанам роҳе ба фаҳми ноз бурд

Кист гардад як мужа бар ҳам задан саброзмо

Мардумак аз дидаҳо пеш аз нигаҳ гирад ҳаво

Сухтам чандонки бо и ту гаштам ошно

Умрҳо шуд дар ҳавоят боли аҷзе мезанад

Нокуҷо парвоз гирад Бедил аз дасти дуо





Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات