تبلیغات
Ҳакимона - Саттор Турсун

Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Саттор Турсун (таваллуд 15.02.1946

Зодаи қарияи Посурхи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёст. Падараш кишоварз буд. Баъд аз хатми мактаби даҳсолаи деҳа роҳи Душанберо пеш гирифта, соли 1965 донишҷӯи бахши арабии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуд. Соли 1970 дар идораи “Садои шарқ” ба фаолият пардохта, сарпарастии шӯъбаи насрро бар ӯҳда дошт

Саттор солҳои донишҷӯӣ ба эҷод пардохтааст. Нахустин достони кӯтоҳи ӯ поёни солҳои 60-ум арзи вуҷуд кардаанд. Чанд маҷмӯаи достонҳои мансури ӯ бо номҳои “Дили гарм” (1971), “Сукути қуллаҳо” (1974), “Камони Рустам” (1976, 1982), “Аз субҳ то шом” (1979), “Барф ҳам мегузарад” (1983), “Дувоздаҳ ҳикоя” (1986), “Се рӯзи як баҳор” (1988) ва ғайра ба чоп расонидаанд

Тақрибан, тамоми асарҳои Саттор Турсун ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Ӯ худ низ тарҷумаҳо дорад. Барои соҳаи кино ҳам асар офаридааст, монанди “Девор”

Дорандаи мукофоти Ҷавонони ҷумҳурӣ мебошад. (1985

Саттор Турсун мақолаву асарҳои публисистӣ низ менависад. Ӯ то ҷое қобили таваҷҷӯҳ мебошад. Саттор Турсун худ эҷод мекунад ва ҳам дар мавриди офариниши ҳамкасбон баҳси илмӣ карда метавонад. Яъне ӯ аз ҷумлаи адибони таҳлилгарост, ки адабиёти шӯравии тоҷикӣ чунин касонро кам дошта

Ҳақ бар ҷониби мунаққид Ҷӯрахон Бақозода аст, ки менависад: “Саттор Турсун ҳамчун нависанда бо мавқеъ ва назари эҷодӣ, тарзи нигориши батамкин ва мавзӯи хосси худ ба майдони адабиёт якбора ва ногаҳон дохил шуд”. Махсусун, вақте ки соли 1971 нахустин маҷмӯаи достонҳои “Дили гарм” чоп шуд, адабшиносон таконе хурданд ва назари хешро дар бораи офаридаҳои нависанди он замон биступанҷсола иброз доштанд ва ба сифати эҷодкори умедбахш муаррифиаш намуданд

Саттор Турсун бо навъи достони кӯтоҳ ба адабиёт дохил шуда, ба зудӣ қаламашро дар эҷоди достони миёна санҷид ва соли 1974 нахустқиссаи ӯ “Сукути қуллаҳо” алоқамандонро шод сохт

Дар таҳқиқи бадеии мавзӯи ахлоқи ҳамида, метавон гуфт, ки Саттор Турсун ба нависандаи ахлоқишоиноси тоҷик шодравон Ф. Муҳаммадӣ пайравӣ намуда ва то ҷое кӯшидааст. Ки паҳлӯи тозаи ин мавзӯи адабзиндаро мавриди баҳси бадеии хеш қарор бидиҳад. Саттор Турсун бар ин ақида аст, ки зиндагӣ саропо фиребу найранг мебошад ва ё зиндагӣ бераҳмиҳо дорад ва ғайра. Чунин ба назар мерасад ки Саттор Турсун мудом аз рӯзгор шикоят менамояд ва ҳамеша бо костагиҳои зиндагӣ дар набард мебошад. Воқеан, эҷодкор чи навъе ки худ дар зиндагӣ зоҳир мешавад, андешаҳояшро мегӯяд, аз бархӯрдҳое дар ташвиш аст, дар офаридаҳояш низ дар ҳамон мавқеъ ва сатҳ қарор мегирад. То он ҷо ки банда аз афкору рӯзгори ин нависнад огаҳӣ дорам, айёми донишҷӯӣ ва сурат бастани сӯҳбатҳои баъдӣ медидам, ки ӯ хеле фалсафона ва мантиқона сухан меронад ва доимо ба касони касофаткору бадахалоқ ботинан даст ба гиребон мешуд. Достонҳои кӯтоҳи “Нисфирӯзӣ” (1973), “Аз субҳ то шом” (1973), “Ситораи корвонкуш” (1973), “Барф ҳам мегузарад” ва ғ. вобаста ба масоили ахлоқи иҷтимоӣ ва симои маънавии афроди ҷомеа пайваста ба меърёҳои арзиши инсон баҳс менамоянд

Дар асарҳои фавқ чигунагии инсон ва муносибати ӯ бо дигарон муайян мегардад. Гӯё ин ҷо дар қалами Саттор Турсун тозагии маънӣ нест, чун Ф. Муҳаммадӣ мавзӯи мазкурро хеле ҷиддӣ матраҳ сотааст. Аммо Саттор Турсун аз тариқи қаҳрамони “Ситораи корвонкуш” назар гуфтааст: “Одами бадгуҳар бо сад азоб ҷон медиҳад”, “моли ҳаром вафо намекунад”. Ин маъниҳо тозагӣ доранд ва аз паҳлӯҳои дигари фаолияти инсон гувоҳӣ медиҳанд

Чунон ки мебинем, Саттор Турсун ба сифати нависандаи ҳассос ба воқеаҳои атроф бетараф нест, балки ӯ ҳама рӯйдодҳои бузурги ҳаёти иҷтимоӣ ва хурдтарин дигаруниҳоро дар табиати инсон ба мушоҳида мегирад. Дар ин замина, нависанда қаҳрамонҳое меҷӯяд, ки онҳо рӯзгордидаанд ва метавонанд, ки бо афкори хеш бар ҷомеа таъсире бубахшанд. Ба ин маънӣ, Саттор Турсун ба воситаи андешаҳои ботинӣ, ҷузъиётбандии психологӣ шахсиятҳои ҳунарӣ меофарад, монанди падар (аз ҳикояи “Падар”, мӯйсафед (“Думбура”), Карим ва Собир Мухтор (“Барф ҳам мегузарад”). Аслан ин чеҳраҳо мӯйсафедонеанд, ки ҳар кадом дорои хислати ба худ хос мебошанд. Дар айни замон он мӯйсафедон ҳангоми фаъолият якдигарро такмил медиҳанд. Шахсиятҳои офаридаи Саттор Турсун бо носозиҳои зиндагӣ, ноодамӣ ва пастинатӣ мубориза мебаранд ва ҳам зебоии зоҳириву маънавии инсонро дифоъ менамоянд

Тасвири психологӣ дар офаридаҳои Саттор Турсун бештар ба мушоҳида мерасад. Ин тарзи эҷодгарӣ, ба хусус падидаи худифшоӣ, аз бисёр ҷиҳатҳо боиси кашфи дунёи ботиниву маънавии инсони воқеӣ мегардад. Пайваста ба ин ҷиҳати асараҳои Саттор Турсун монологи ботинӣ қуввати бештар пайдо кардааст. Дар достони “Чорсу”, ки то ҷое ҷанбаи сарнавиштӣ дорад. Се кас Ҷамшед, Шаҳноз ва Ҷалил ғайри хоҳиши якдигар дар гирди мизи ресторане вомехӯранд. Саттор Турсун “бо тасвири нишаст, нигоҳ, рафтору гуфтори ноҳинҷор, ҳолату изтироби ботинии қаҳрамонон чунин вазъияти психологие меоварад, ки дар як ҷо будани онҳо душвор аст”. (Ҷ. Бақозода). Яъне ин се ҳар кадом сирре дар вуҷуд дорад, ки ин се сирр ба якдигар дар иртибот мебошад. Дар ниҳонхонаи онҳо макру фиреб, тӯҳмате бӯҳтон, нофаҳмиву гумроҳӣ қарор гирифтааст

Бояд гуфт, ки Саттор Турсун мавзӯву қаҳрамонҳояшро аз манотиқи зодгоҳи худ интихоб менамояд. Албатта, ин ҳодиса фақат хосси эҷодиёти Саттор Турсун нест, балки адибони дигар низ чунин карданд. Ин ҷиҳат, пеш аз ҳама ба хонанда манфиат меорад. Кас метавонад аз ин тариқ ба муҳити ҷуғрофиёӣ, урфу одатҳои хоса, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, таърих ва дигар масоили ба ҳаёти инсонҳо иртибот дошта ошноӣ пайдо кунад. Як ҳодисаи дилчасп ва тавсир шаванда вобаста ба вақту замон дар ин ё он гӯшаи дунё дар шаклҳои дигархелтар ба вӯқӯъ меоянд, чунон ки солҳои ҷанги мейҳанӣ мавзӯи гурезагӣ ва ба хотири аз ҷанг фирор кардан дар зодгоҳи Саттор Турсун ҳам рӯх дода будааст, ки қиссаи “Сукути қуллаҳо” ба миён омад

Қаҳрамони достони фавқ- Содиқ ном дошта, муаллиф ба ҳама ҳаводису одамон аз назари ӯ менигарад. Табиист, ки Содиқ шахсияти мусбат аст ва касест ки “аз ҷавонӣ бори ҷамъиятро кашидааст”. Ин қаҳрамон андешаи хос дорад. Услуби офариниш он аст, ки қаҳрамон гоҳе андешотро ба ёди гузаштаҳо мепайвандад ва боиси бедор сохтани хотири хонанда мегардонад. Персонажи дигари қисса Акбар аст. Ки дар сужа Содиқ Акбари гуреза ва хоинро ба дастони худ мағлуб месозад. Дар қисса ашхоси хоини ҷанг маҳкум мешавад

Дар эҷодиёти Саттор Турсун нахуструмони “Се рӯзи як баҳор” (1988) бештар мавқеъ дорад. Ин асар дар тӯли солҳои 1983-1984 иншо шуда бошад ҳам, баъди чаҳор сол муаллиф тавонистааст, ки онро “моли хонанда” гардонад. То ҷое сарнавишти ин румон қисмати талху бадфарҷоми “Гузашти айём”и Ҷ. Одинаро мемонад. Гӯё “муҳоқимагарон” ба асар иҷозати чопро надодаанд, зеро Саттор Турсун “шахси босмачӣ” ро дар ҷомаи дигар ба тасвир мегирад. “Босмачӣ” и Саттор Турсун каси солимақлест, маърифатманд аст ва барои ватанаш дилаш месӯзад ва ғайра. Ба истилоҳи дигар, нависанда дар хусуси солҳои бисту сӣ, давроне, ки аз нигоҳи таърихӣ хеле пурихтилоф мебошад, баҳс менамояд. Дар миёни ҳаводиси сужа Усмон Азиз ба сифати аввалшахс фаолият дорад

Усмон Азиз қабл аз “инқилоби русҳо” давлатманди бонуфузест. Вақтеки минтақа аз ҷониби русҳо ғасб мешавад, ӯ огоҳона алайҳи Ҳукумати шӯро силоҳ мебардорад. Ҷуръати нависанда он ҷост, ки дар сиришти Усмон Азиз ҷиҳатҳои мусбатро ҷойгузин месозад. Ба хусус, падидаҳои маърифату маънавиёти қаҳрамони марказӣ тасвири адибро қавӣ сохтаанд. Усмон Азиз ба сатҳи шахсияти муқтадиру мутафаккир мавқеъ пайдо мекунад

Адабиётшинос Носир Салим моҳияти “Се рӯзи як баҳор” ро дуруст муайян кардааст: “Мундариҷа ва сужети румон дар образҳои Усмон Азиз, Анвар ва ҷуфти гургҳо давр мезанад ва қасди нависанда дар қиёси муносибати ошкору нишони ин се..., ки ҷанбаҳои табиӣ ва иҷтимоии ҳастиро таҷассум кардаанд, рашан мегардад...” (Садои Шарқ, 1989, №6. саҳ 132)

Яъне се падида инсон, ҷамъият ва табиат- бо ҳам омезиш меёбанд, ки албатта дар адабиёти бадеӣ гапи нав нест, балки пӯшида нест ки адиби қирғиз Чингиз Айтматов, ба хусус дар румони “Плаха” ин мавзӯъро хеле ҷиддӣ мавриди тадқиқ қарор дода буд. Ба ҳар ҳол пайвастагии ин се падида барои адабиёти тоҷик холигиҳоеро пурра сохта метавонад

Агар андак ба таърих рӯй оварем, падидаи “бозсозӣ”, ки соли 1985 оғоз гирифт, дар пайдоиши румони “Се рӯзи як баҳор” и Сатор Турсун низ мусоидат кардааст. Ин ҳодиса муҳити ошкоргӯиро васеътар сохт. Ҳар навъ ки буд, падидаи бозсозӣ ба мақсади гуфтани нобасомониҳои таърихӣ имконияти фароҳамеро дар ихтиёри адибон гузошт. Аз ин ҷост, ки Усмон Азиз дар тасвири Саттор Турсун босмачӣ нест, балки ӯ шахсест, ки аз нигоҳи психологӣ сохти навро қабул карда наметавонад. Вай муҳокимарониҳои дилчасп дорад. Воқеиятро дуруст дарк менамояд. Муҳим он аст, ки ӯ чун аксулинқилобчӣ мафҳумҳои ватану мейҳандориро аз назар дур карда наметавонад. Дар айни замон, Усмон Азиз аз беинсофӣ бегона набуда, дорои ақли солим аст ва аз гумроҳ шудану беватан гаштанаш пушаймонӣ ҳам эҳсос наменамоянд. Фалсафаи ин чеҳраи ҳунарӣ ҳамин аст (дар мавриди румони мазкур тақризи ҷолиб аз ҷониби Носир Салим ба чоп расидааст. Нигаред. Садои Шарқ, 1989, №6. Саҳ 131 то 137)

Таҳлили ҷидди осори Саттор Турсунро ба ихтиёри навиштаҳои баъди гузошта, фақат гуфтанием, ки ин нависанда дар адабиёти достонии даврони шӯравии тоҷикӣ яке аз адибони маърифатманду таҳлилгаро ба шумор меравад

Саттор Турсан хеле сермутолиа аст. Беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳониро хондааст ва бешубҳа дар инкишофи сифати фаолияти эҷодии ӯ Китоб нақши баҷое доштааст. Боре дар як мулоқоташ бо шогирдони факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ иқрор шуд, ки агар ҳар шаб чиҳил саҳифа аз китобе нахонад, хобаш намеояд. Гумон меравад, ки асарҳои достоннависи барҷастаи қирғиз Чингиз Айтматовро мудом мутлоиа менамояд. Бесабаб нест, ки гоҳе қаробате аз ин ё он тасвир ба мушоҳида мерасад. Албатта, дар ин ҷиҳат мавзӯи илҳомбардорӣ ба миён меояд, ки дуруст хоҳад буд

Дар миёни намояндагони адабиёти бадеӣ кам фурсат шудааст, ки як адиб сари қонунмандиҳои ҳунарӣ сухани илмӣ карда метавонад. Яъне ҷиҳати таҳлилгароӣ хоси на ҳар адиб аст. Хушбахтона, Саттор Турсун дар ин ҷода пешдастиҳои Саттор Турсун дорои андешаҳои баландеанд ва дар дарки дурусти ҷомеа дастовардҳо доранд. Гумон меравад, ки эҷодиёти ин адиб боз чандин солҳо боиси баҳси адабшиносони қарни бисту як қарор хоҳад гирифт


Баргирифта аз китоби "Адабиёти тоҷик дар садаи 20" навиштаи марҳум профессор Худойназар Асозода





Мавзӯъ: Саттор Турсун، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог