Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст

Бо ниҳояти таассуф ва даргузашти падари азизу меҳрубонам аз ҳамаи шумо дустон, ошноён ва мухлисон хоҳиш мекунам, ки барои падарам як Алҳамд ва як сураи дигар аз Қуръон бихонед. Худованд гузаштагони шуморо низ биёмурзад. Руҳаш шод ва ёдаш гиромӣ





Мавзӯъ: Падарона، 

Орзуманди туам, бинмой рӯи хешро

Вар на, аз ҷонам бурун кун арзӯи хешро

Ҷон дар он зулфаст, камтар шона кун, то нагсали

Ҳам раги ҷони маро, ҳам тори мӯи хешро



Идома

Мавзӯъ: Ҳилолӣ Чағтоӣ، 

Ёри мо ҳаргиз ниёзорад дили ағёрро

Гул саросар оташаст, аммо насузад хорро

Дигар аз бетоқати хоҳам гиребон чок зад

Чанд пӯшам синаи решу дили афгорро



Идома

Мавзӯъ: Ҳилолӣ Чағтоӣ، 

Ман кистам то ҳар замон пеши назар бинам туро

Гоҳе гузар кун сӯи ман, то дар гузар бинам туро

Афтода бар хоки дарат, хуш онки оӣ бар сарам

Ту зери по биниву ман болои сар бинам туро



Идома

Мавзӯъ: Ҳилолӣ Чағтоӣ، 

Гаҳ гаҳе хониву гӯӣ, ки чӣ ҳоласт туро

  Ҳоли ман ҳоли сагон, ин чӣ савол аст туро

  Мекунам ёди туву меравам аз ҳол ба ҳол

  Ман ба ин ҳолу напурси, кӣ: чӣ ҳолест туро



Идома

Мавзӯъ: Ҳилолӣ Чағтоӣ، 

Ба чашми лутф агар бини гирифторони расворо

 Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки расво кардаи моро

  Пас аз мурдан нахоҳам сояи тубо вале хоҳам

 Ки рӯзе соя бар хокам фитод он сарвболоро



Идома

Мавзӯъ: Ҳилолӣ Чағтоӣ، 

  Эй нури Худо дар назар аз рӯи ту моро

  Бигзор, ки дар рӯи ту бинем Худоро

  То накҳати ҷонбахши ту ҳамроҳи сабо шуд

  Хосияти Исост дами боди саборо



Идома

Мавзӯъ: Ҳилолӣ Чағтоӣ، 

Аз бас китоб дар гарави бода кардаем

Имрӯз хишти майкадаҳо аз китоби мост



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Аниси кунҷи танҳои китоб аст

Фуруғи субҳи донои китоб аст

Бувад бемузду меҳнат устоде

Зи дониш бахшадат ҳар дам гушоде



Идома

Мавзӯъ: Абдураҳмони Ҷомӣ، 

Ҳарифе ки аз вай наёзурд кас

Басе озмудам, китоб асту бас

Расонад суханро ба хуби ба бун

Ба Бисмиллоҳ оғоз созад сахун



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Марям аз нисбати Исо азиз

Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз

Нури чашми раҳматул лил оламин

Он имоми аввалину охирин



Идома

Мавзӯъ: Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:117)      ...   3   4   5   6   7   8   9   ...  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Mobile Traffic | سایت سوالات