Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст

Бо ниҳояти таассуф ва даргузашти падари азизу меҳрубонам аз ҳамаи шумо дустон, ошноён ва мухлисон хоҳиш мекунам, ки барои падарам як Алҳамд ва як сураи дигар аз Қуръон бихонед. Худованд гузаштагони шуморо низ биёмурзад. Руҳаш шод ва ёдаш гиромӣ





Мавзӯъ: Падарона، 

Ё Раб дарде ки нола оғоз кунам

Шуре ки суруди шавқро соз кунам

Чашме ки ба сӯи хеш чун боз кунам

Он гумшударо аз дур овоз кунам



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Сари роҳи ғарибон хор руяд

Зи кишти шони дил бемор руяд

Ба ҳар ҷое ки корам тухми умед

Ба ҷои гул ҳама озор руяд



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Дар гулшани зиндагӣ ба ҷуз хор набуд

Ҷуз дарду ғаму меҳнату озор набуд

Умед накард ки ёс омад бор

Сар то сари зиндагони ҷуз ин кор набуд



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Ориф ба дил зарра ҷаҳон мебинад

Онҷо маҳу меҳру каҳкашон мебинад

Кури бингар ки чашми донишвари аср

Дасту сари куштагон дар он мебинад



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Азизон чун бадон соҳил расиданд

Зи ҳамроҳони худ якдам буриданд

Чунон аз суҳбати мо дил гирифтанд

Ки саҳво ҳам ба сӯи мо надиданд



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Он фуру шиква кибриёит чи шуд

Он лофи хадеву худоит чи шуд

Сад қарн бар афкору уқули мардум

Фармондеҳиву ҳукумравоит чи шуд



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Он нимаи он ки бенавое ёбад

Вон ҷома ки кудаки гадое ёбад

Чун лаззати фатҳест ки иқлемеро

Лашкашикани ҷаҳонгушое ёбад



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

То бар лаби ман оҳи шарар боре ҳаст

Бар сози шикастаи дилам торе ҳаст

Дарҳои умедро агар барбастанд

То марг бувад рахнаи деворе ҳаст



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Аз марг натарсам ки мададгори ман аст

Дар рӯзи пасин мунису ғамхори ман аст

Аҷдоди маро бурда ба сар манзили хок

Ин маркаби хушхиром раҳвори ман аст



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 

Дил дар ҳама ҳол такягоҳ аст маро

Дар мулки вуҷуд подшоҳ аст маро

Аз фитнаи ақл чун ба ҷон меоям

Мамнун дилам Худо гувоҳ аст маро



Идома

Мавзӯъ: Шеърҳои гуногун، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:117)      ...   2   3   4   5   6   7   8   ...  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог
  • شبکه اجتماعی فارسی کلوب | Buy Website Traffic | Buy Targeted Website Traffic