تبلیغات
Ҳакимона

Ҳакимона
 
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

Худоё чунон кун саранҷоми кор. Ки ту хушнуд бошиву мо растгор
 

Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст

Бо ниҳояти таассуф ва даргузашти падари азизу меҳрубонам аз ҳамаи шумо дустон, ошноён ва мухлисон хоҳиш мекунам, ки барои падарам як Алҳамд ва як сураи дигар аз Қуръон бихонед. Худованд гузаштагони шуморо низ биёмурзад. Руҳаш шод ва ёдаш гиромӣ





Мавзӯъ: Падарона، 

Мӯш ва гурба

Эй хирдаманрди оқилу доно

Қиссаи мушу гурба бархоно

Қиссаи мушу гурбаи манзум

Гуш кун ҳамчу дар ғалтоно

Аз қазои фалак яке гурба

Буд чун аждаҳо ба кирмоно

Шикамаш таблу синааш чу сер

Шер даму паланг чангоно

Аз ғаривуш ба вақти ғаридан

Шер дарранда шуд ҳаросоно

Сари ҳар суфра чун ниҳоди пой

Шер аз вай шуди гурезоно

Рӯзи андар шаробхона шуди

Аз барои шикори мушоно

Дар пас хам менамуд камин

Ҳамчу дузде ки дар биёбоно

Ногаҳон мушаке зи деворе

Ҷаст бар хам май хурушоно

Сар ба хам бар ниҳоду менушид

Маст шуд ҳамчу шери ғароно

Гуфт ку гурба то сараш биканам

Пусташ пар кунам зи коҳоно

Гурба дар пеши ман чу саг бошад

Ки шавад рӯ ба рӯ ба майдоно

Гурба инро шуниду дам назади

Чангу дандон зади ба суҳоно

Ногаҳон ҷасту мушро бигирифт

Чун паланге шикори куҳоно

Муш гуфто ки ман ғуломи туам

Афв кун бар ман ин гуноҳоно

Маст будам агар гаҳе хурдам

Гаҳ фаровон хурданд мастоно

Гурба гуфто дуруғ камтар гӯи

Нахурам ман фаребу макроно

Мешунидам ҳар ончи мегуфти

Орво дин қубҳаи мусулмоно

Гурба он мушро бикушу бихурд

Сӯи масҷид шуди хиромоно

Дасту руро бишусту масҳ кашид

Вирд мехонд ҳамчу мулоно

Бор илоҳо ки тавба кардам ман

Надарам мушро ба дандоно

Баҳри ин хуни ноҳақ эй халоқ

Ман тасаддақ диҳам душман ман ноно

Он қадар ло ба карду зори карди

То ба ҳадде ки гашт гирёно

Мушаке бод дар пас минбар

Зуд бурд ин хабар ба мушоно

Муждаҳоне ки гурба тоиб шуд

Зоҳиду олибуд мусулмоно

Буд дар масҷид он сутуда хисол

Дар намозу ниёзу афғоно

Ин хабар чун расид бар мушон

Ҳама гаштанд шоду хандон

Ҳафт муш гузида бар ҷустанд

Ҳар яке кадхудову деҳқоно

Баргирифтанд баҳри гурба зи меҳр

Ҳар яке туҳфаҳои алвоно

Он яке шишаи шароб аб каф

Вон дигар барраҳои бирёно

Он яке таштаке пур аз кишмиш

Вон дигар як табақ зи хурмоно

Он яке зарфе аз панир ба даст

Вон дигар мост бо карра ноно

Он яке хонҷа пулу бар сармоядорон

Афшурда оби лиму имоно

Назди гурба шуданд он мушон

Бо салому дуруду эҳсоно

Арз кардан бо ҳазор адаб

К-эй фидои раҳат ҳама ҷоно

Лоиқи хидмати ту пешкаши

Кардаем мо қабул фармоно

Гурба чун мушкаон бидид бихонд

Разақакум фиссамои ҳақоно

Ман гурусна басе ба сар бурдам

Ризқам имрӯз шуд фаровоно

Рӯза будам ба рӯзҳои дигар

Аз барои ризои раҳмоно

Ҳар ки кори Худо кунад ба яқин

Рӯзиш мешавад фаровоно

Баъд аз он гуфт пеш фармоед

Қадаме чанд эй рафиқоно

Мушакон ҷумла пеш мерафтанд

Танашон ҳамчу бед ларзоно

Ногаҳон гурба ҷаст бар мушон

Чун мубориз ба рӯзи майдоно

Панҷ муш газидаро бигирифт

Ҳар яке кадхудову илхоно

Ду бадин чангу ду бадон чангол

Як ба дандон чу шери ғурроно

Онду муш дигар ки ҷон бурданд

Зуд бурданд хабар ба мушоно

Ки чи биншастаед эй мушон

Хокатон бар сар эй ҷавононо

Панҷ муш раисро бидарид

Гурба бо чангҳову дандоно

Мушконро аз ин мусибату ғам

Шуд либоси ҳама сиёҳоно

Хок бар сар кунон ҳаме гуфтанд

Эй дареғо раиси мушоно

Баъд аз он муттафиқ шуданд ки мо

Меравем пойи тахти султоно

То биша арзи ҳоли хеш кунем

Аз ситамҳои хайл гурбоно

Шоҳи мушон нишаста буд ба тахт

Дид аз дур хайли мушоно

Ҳама якбора карданаш таъзим

К-эй ту шоҳангаҳи ба давроно

Гурба карда аст зулм бар моҳо

Эй шаҳаншаҳ аввалам ба қурбоно

Соле якдона мегирифт аз мо

Ҳол ҳирсаш шуда фаровоно

Ин замон панҷ панҷ мегирад

Чун шуда тоибу мусулмоно

Дарди дил чун ба шоҳи худ гуфтанд

Шоҳ фармуд кэй азизоно

Ман талофи ба гурба хоҳам гуфт

Ки шавад достон ба давроно

Баъд як ҳафта лашкаре орост

Сесаду си ҳазор мушоно

Ҳама бо найзхаҳову тиу камон

Ҳама бо сайфҳои бурроно

Фавҷҳои пиёда аз як сӯ

Теғҳо дар миёнаи ҷавлоно

Чунки ҷамъовари лашгар шуд

Аз Хуросону Рашту Гилоно

Яка муше вазири лашгар буд

Ҳушманду далеру фитоно

Гуфт бояд яке зи мо биравад

Назди гурба ба шаҳри кирмоно

Ё биё пойи тахт дар хидмат

Ё ки омода бош ҷангоно

Мушаке буд илчи зи қадим

Шуд равона ба шаҳри кирмоно

Нарм нармак ба гурба ҳоле кард

Ки манам илчи зи шоҳоно

Хабар овардаам барои шумо

Азми чанг карда шоҳи мушоно

Ё барӯ пойи тахт адр хидмат

Ё ки омода бош ҷангоно

Гурба гуфто ки муш гаҳ хурда

Ман наёям бурун зи кирмоно

Лекин андар хафо тадорук кард

Лашкари муъзаме зи гирбоно

Гарбаҳои бароқ шери шикор

Аз сафоҳону Язду Кирмоно

Лашгари гурба чун муҳайё шуд

Дод фармон ба сӯи майдоно

Лашгари мушҳо зи рорҳи кавир

Лашгари гурба аз каҳистоно

Дар биёбони Форс ҳар ду сипоҳ

Разм доданд чун далероно

Ҷанг мағлуба шуд дар он води

Ҳар тараф рустамона ҷангоно

Он қадар мушу гурба кушта шудан

Ки наёяд ҳисон осоно

Ҳамла сахт кард гурба чу шер

Баъд аз он зад ба қалби мушоно

Мушаке асб гурбаро пай кард

Гурба шуд сарангу зи зиноно

Аллоҳ Аллоҳ фитод дар мушон

Ки бигиред паҳлавононо

Мушакон табл шодиёна заданд

Баҳри фатҳу зафар фаровоно

Шоҳи мушон бишуд ба қавбл савор

Лашгар аз пешу пас хурушоно

Гурбаро ҳар ду даст баста ба ҳам

Бо калофу танобу ресмоно

Шоҳ гуфто ба дор овезанд

Ин саги русиёҳ нодоно

Гурба чун дид шоҳи мушонро

Ғайраташ шуд чу дег ҷушоно

Ҳамчу шере нишаст бар зону

 Кунад он ресон ба дандоно

Мушаконро гирифту зад ба замин

Ки шуданди ба хоку яксоно

Лашгар аз як тараф фарори шуд

Шоҳ аз як ҷиҳат гурезоно

Аз миён рафт филу фил савор

Махзани тоҷу тахту айвоно

Ҳаст ин ғуссаи аҷибу ғариб

Ёдгори Убайди Зоконо

Ҷони ман панд гир аз ин қисса

Ки шаваи дар замона шодоно

Ғараз аз мушу гурба бар хондан

Муддао фаҳм кун писар ҷоно

Убайди Зоконӣ

                               

Пулу заврақ намехоҳад муҳити кибриё инҷо

Ба ҳар сӯ сайри кишти бар камар дорад гадо инҷо

Дамоғи бениёзон нанги хоҳиш бар намедорад

Баланди зери по меояд аз дасти дуо инҷо



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Охир зи фақр бар сари дунё задем по

Халқе ба ҷоҳи такя заду мо задем по

Фарқе надошт иззату хори дарин басот

Бедор шуд ғано ба тамаъ то задем по



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Ба даъват ҳама касро кас намегуяд биё инҷо

Садои нон шикастан гашт бонги осиё инҷо

Агар бо ин нагубиҳост хони ҷуди сарпушаш

Зи вазъи тоҷ бар кашкул мегиряд гадо инҷо



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Рӯзе ки зад ба хоби шуурам аёғ по

Ман ҳам задам зи нашаа ба чандин дамоғ по

Ранги ҳано зи табъи чаман мавҷ мезанад

Шиссаст губи он гули худру ба боғ по



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Хатт ҷабини мост ҳамоғуши нақши по

Дорад ҳуҷум саҷдаи мо ҷуш нақши по

Роҳи адам ба саъйи нафас қаът мекунем

Афкандаем бори худ аз душ нақши по



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Ҷавлони мо фисурд ба занҷири хоби по

Вомондагист ҳосили таъбири хоби по

Мамнуни ғафлатем ки беминнат талаб

Моро ба мо расонад ба шабгири хоби по



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Кардаам боз ба он гиряи савдо, савдо

Ки зи ҳар ашк задам бар сари дарё, дарё

Соқи имшаб чи ҷунун рехт ба паймонаи ҳуш

Ки шикастам ба дил аз қилқили мино, мино



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Ӯ сипеҳру ман кафи хоки ӯ куҷову ман куҷо

Доғам аз савдои хом ғафлату ваҳми расо

Аҷзро гар дар ҷаноби бениёзҳо раҳест

Инқадарҳо бас ки то куят расад фарёди мо



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 

Эй хиёли қоматат оҳи заъифонро асо

Бар рухатназзораро лағзиш аз ҷуши сафо

Нашаи сад хам шароб аз чашми мастат ғамзае

Хунбаҳо сад чаман аз ҷилваҳоят як адо



Идома

Мавзӯъ: Бедили Деҳлавӣ، 
.: Weblog Themes By Pichak :.


(Ҳамаи саҳифаҳо:117)      1   2   3   4   5   6   7   ...  

  • Тамомии ҳуқуқи ин сомона маҳфуз аст. Копи кардан аз он бо зикри donish.mihanblog.com/ манъ намебошад. | Тарроҳӣ: Ҳакимона

  • Роҳи веблог | Тактоз блог